Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли ҲНИТ-ро дар Рашт боздошт кардаанд


Хонум Шафоат Сафарзода- сокини деҳаи Навдони ноҳияи Рашт ба радиои Озодӣ гуфт, 10 рӯз пеш, 25-ӯми сентябр се нафар дар либоси низомӣ ва як нафар дар либоси ғайринизомӣ бародараш Назриддин Сафарзодаро аз хонааш бо худ бурдаанд ва то ҳол хешовандон аз вай дарак надоранд. Вай гуфтааст, барои пайдо кардани бародараш бо нома ба Додситонии кулл, Вазорати дохила ва Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон муроҷеа кардааст, вале то ҳол аз ин ниҳодҳо дар бораи сабабҳои боздошти бародараш посухи дақиқ дарёфт накардааст. Назриддин Сафарзода аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон вакили Шӯрои маҳаллӣ мебошад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон таъйид кардааст, ки аз "нопадид" шудани намояндааш хабар дорад.
XS
SM
MD
LG