Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми нашрияҳо дар посух ба изҳороти вазири дифоъ


Панҷ нашрияи мустақили Тоҷикистон қасд доранд, ки аз болои вазири дифоъ ба додгоҳ шикоят кунанд ва ба нишони эътироз ба номаи вазири дифоъ як саҳифаи шумораи навбатии худро бидуни матлаб нашр намоянд.

Панҷ ҳафтаномаи Тоҷикистон «Бизнес и политика», «Факти и комментарии», «Фараж», «Пайкон» ва «Азия-Плюс» нашрияҳои дигарро низ даъват кардаанд, ки аз тасмими онҳо ҷонибдорӣ кунанд.

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон дар як нома бо лаҳни тунде аз шеваи инъикоси ҳалокати 25 сарбози вазорати дифоъ дар ҳамлаи рӯзи 19-уми сентябр дар матбуоти мустақил башиддат интиқод кардааст.

Номаи вазир, ки дар сомонаи хабаргузории давлатии "Ховар" нашр шудааст, матбуоти мустақилро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам мекунад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, нашрияҳо иттиҳоми вазири дифоъ дар мавриди ҳамдастӣ бо террористонро маҳкум карданд:

«Ин даъво беасос аст. Вазири мӯҳтарам барои чунин даъво бояд асосҳо ва далелу бурҳони қотеъ дошта бошанд. Дар акси ҳол нашрияҳо метавонанд ба суд муроҷиат кунанд, то ҷаноби вазир барои тӯҳмат посух гӯяд».

Посухи вазири дифоъ ба нашрияҳо

Шералӣ Хайруллоев дар посух ба сардабирони нашрияҳо гуфтааст, “дар аксари нигоштаҳои матбуот бӯи пуштибонӣ аз ҳамлаи хунин меояд", ки ин як навъ ҳимоят аз террористон аст.

Дар ҳамлаи 19 сентябр ба корвони артиши миллии Тоҷикистон, ки онро кори дасти баъзе аз размандагони нерӯҳои мухолифини пешин медонанд, 25 сарбоз кушта ва беш аз даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазири дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, аксарияти рӯзномаҳои мустақили Тоҷикистон ҳодисаҳои Камаробро якҷониба инъикос карда ва ҳатто “қотилонро мазлум нишон додаанд.”

Шералӣ Хайруллоев, дар номааш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ”ба изҳороти сиёсии сиёсатмадорон ва мақолаҳои рӯзноманигорон баҳои ҳуқуқӣ дода ва дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои ҷиноӣ гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд”.

Дар посухномаи вазорати дифоъ аз баъзе аз нашрияҳои озод ва як қатор рўзномаҳои солҳои аввали истиқлолият ёддоварӣ шудааст, ки ба таъбири вай «воқеан нақши ҳезумкаши алангаи оташи ҷанги шаҳрвандиро» мебозиданд.

Ҳамзамон, дар ин посухнома, роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва сиёсатмадорони маъруфи кишвар низ барои мавқифи ҳамсон тавриди танқид қарор гирифтанд.

Оқои Хайруллоев гуфтааст: "Мутаассифона ба ҳамин монанд вокунишҳо аз ҷониби роҳбарияти як зумра ҳизбҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорони маъруфи мамлакат низ ба назар мерасанд. Онҳо дар оғоз ба таври хушку бетаъсир ин амали террористиро маҳкум намуда, ҳамзамон дар рух додани он ҳукумати мамлакатро гунаҳгор медонанд".
XS
SM
MD
LG