Муаллиф Кевин Офлинн, Маскав
Таъсиси саррофиҳо маънои эътимоди бештари мардум на ба рубли русӣ, балки ба доллари амрикоиро дошт. Инак аз рӯзи якуми октябр ба ин сӯ, даҳҳо саррофӣ баста шуда, салоҳияти табдили пулҳои хориҷиро акнун бонкҳо ба ӯҳда гирифтанд. Оё ба ин таҳаввулот мардум чӣ назар доранд?
Ҳанӯз моҳи апрел Бонки марказии Русия эълон карда буд, ки аз рӯзи 1 октябр ҳама ғурфаҳои табдили пул баста мешаванд. Далели чунин тасмим дар пешгирӣ аз амалиёти молии пӯшидаву пинҳонӣ дар саррофиҳои хиёбонӣ буда ҳамчунин, ҳадаф аз он ба ихтиёри бонкҳо гузаронидани низоми табдили асъор гуфта мешавад.
Мақомот гуфтанд, ки акнун мизони ҷиноятҳои пулӣ кам шуда, мардум ҳам аз мавридҳои нопоку машкуки табдили асъор раҳо мешаванд.
"Саррофиҳо ғайриқонунӣ кор мекарданд"
Павел Медведев, омбудсмени молӣ ва ҳам вакили Думаи давлатии Русия дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ ин иқдомро чунин шарҳ дод:
“Муттаассифона, аксари ин саррофиҳо ғайриқонунӣ амал мекарданд. Аз рӯи қоида, онҳо мебоист ба намояндагӣ аз бонкҳо фаъолият мекарданд, вале дар бисёр ҳолатҳо онҳо аз ҷониби одамони начандон поку қобили эътимод амал мекарданд. Онҳо андоз намесупурданд, муштариёнро фиреб мекарданд, як қатор роҳҳои фиреби мардумро эҷод карда буданд, пулҳоро нақд мекарданд”.
Ҳоло барои идомаи кор саррофиҳои хиёбонӣ бояд хадамоти иловагии бонкиро пешниҳод кунанд.
Ғурфаҳои саррофӣ дар қаламрави шӯравии собиқ нахуст дар солҳои 1990 арзи ҳастӣ карданд.
Мардум имконият ёфтанд, ки пулҳои нақди худро табдил кунанд ва ин амалиёт аз назорат ва контроли органҳои моливу ҳифзи ҳуқуқ берун мемонд.
Дар амал ингуна нуқтаҳо чизе беш аз як кассаи майдакунии пул набуд, ки пушти шишаи як хоначаи хурди металлӣ ҷойгир мешуд.
Коҳиши эътимод ба саррофиҳо дар Русия
Бар тибқи баъзе маълумот, соли 1998 вақте рубли русӣ шикаст хӯрд, дар саросари Русия 11,500 нуқтаи табдили пул амал мекард.
Вале баъд, дар давоми даҳ соли охир мардум тадриҷан рӯ аз ин нуқтаҳо тофта ба бонкҳо оварданд, чунки барои гирифтани пули хориҷӣ бештар ба бонкҳо рӯ оварданд.
Мегӯянд, дар солҳои гузашта соле то яку ним ҳазор саррофиҳои хиёбонӣ кори худро хотима додааст.
Муовини президенти Иттиҳодияи бонкҳои минтақаӣ Александр Хандруев мегӯяд, дар оғози соли ҷорӣ шумори саррофиҳо дар саросари Русия ба 700 адад ва намояндагиҳои бонкҳо, ки хадамоти табдили асъорро пешниҳод мекунанд, ба 24 ҳазор баробар шуд.
Мегӯянд, саррофиҳо дар миёни мардуми оддӣ ба он хотир маъруф буданд, ки табдили пулҳои хориҷиро бо арзиши нисбат ба бонк баландтар пешниҳод мекарданд. Вале мавридҳои фиреби муштарӣ дар ингуна саррофиҳо фаровон ба назар расидааст.
Юрий Максимов, як тарҷумони 64 солаи рус мегӯяд, ӯро борҳо дар ингуна киоскҳо фиреб кардаанд:
“Онҳо бо тарзҳои мухталиф пулро иваз мекунанд. Аз ҷумла, як методе доранд бо номи “оҳанрабо”. Пулро ба шумо аз пушти оина дуруст шумурда нишон медиҳанд. Вале вақти гирифтани пул на ҳамааш ба дасти шумо мерасад. Бояд, ки назорат бештар бошад”.
Вале бо вуҷуди чунин таҷрибаҳои нороҳаткунанда, оқои Максимов аз басташавии саррофиҳо чандон хурсанд нест.
"Ин тасмими баде аст"
Ӯ мегӯяд: “Бад аст, ба фикри ман ин тасмими бад аст. Чунки қурби пули хориҷӣ дар бонкҳо ҳамеша аз қурби саррофиҳо фарқ мекунад ва шумо ҳамчун муштарӣ пули муайянро аз даст медиҳед. Ба назари ман ин бад аст”.
Вале бархе дигар сокинони Русия аз басташавии саррофиҳо шод шуданд, мисли Елена, ин зани 64-солаи рус, ки барои табдили пул ба “Сбербанк” рафта буд:
“Ҳолатҳои гуногуне пеш меомад, мисле ки дар намунаи саррофии хиёбони Бауманская дидан мумкин буд. Макони ҷойгиршавиаш хеле машкук буд, шумо намедонистед, ки онҳо чӣ хел кор мекунанд, оё ба намояндагӣ аз бонк ё барои худ? Шумо намедонистед, ки доллари ҳақиқӣ ё қалбакиро ба даст мегирифтед”.
Бархе саррофиҳои Маскав, ки ба назар мерасад, нияти басташавиро надоранд, мегӯянд, ба хотири идомаи кор навъи хадамоти худро густариш дода метавонанд ҳамакнун сервиси фиристодани пулро пешниҳод кунанд.
Вале савол ин аст, ки оё эътимоди мардум ба саррофиҳои хиёбонӣ дубора барқарор хоҳад шуд ё на?