Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаи ҷоизаи Нобел дар илми тибро эълом карданд


Роберт Эдвардз, табиби бритониёӣ, ки усули бордоркунии дохилираҳмиро асос гузошт, имрӯз баррандаи ҷоизаи мӯътабари Нобел дар илми тиб эълом шуд. Бо истифода аз ин усул, табибон ба миллионҳо ҷуфти безурёт дар ёфтани фарзанд кӯмак кардаанд. Кумитаи Нобел дар Пажӯҳишгоҳи Каролинскаи Шветсия, ки ҷоизаро тақдим мекунад, гуфт, кори Роберт Эдвардз, “як дастоварди таърихӣ дар рушди тибби муосир будааст”. Усули бордоркунии дохили раҳмӣ чунин аст, ки нутфаро дар шароити озмоишгоҳӣ бордор мекунанд ва сипас ба раҳми модар мегузоранд. Роберт Эдвардзи 85-сола бо ҳамкори даргузаштааш Патрик Стептоу, ин усулро аз соли 1950 ба кор бурданд. Нахустин фарзанд аз ин роҳ соли 1978 дар Бритониё ба дунё омад.
XS
SM
MD
LG