Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, имрӯз гуфт, умедвор аст, Покистон гузаргоҳи муҳими марзӣ барои таъмини нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро ҳарчӣ зудтар боз мекунад. Давлати Покистон ин роҳи калидӣ барои нерӯҳои НАТО-ро баъди он баст, ки се сарбози он кишвар дар як ҳамлаи мушакии чархболи НАТО дар минтақаи марзии Хуррам кушта шуданд. Дабири кулли НАТО баъди мулоқот бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, аз ҳалокати сарбозони покистонӣ ибрози таассуф кард. Айни ҳол имрӯз дар роҳи дигари икмолотие дар Покистон, тундравон ба корвони нерӯҳои НАТО ҳамла карда, 20 мошинро оташ заданд ва се нафарро ҳам куштанд. Толибони Покистон масъулияти ҳамла ба корвони лавозимот барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон бар дӯш гирифта ва таҳдид карданд, ки ҳамалоти бештареро дар оянда анҷом хоҳанд дод. Чунин ҳамла чанд рӯзи пеш ҳам сурат гирифт.