Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи сиёсатмадори ҷанҷолбарангези Ҳолланд


Имрӯз муҳокимаи Гирд Вилдерс, сиёсатмадори ҷанҷолбарангези Ҳолланд, шурӯъ шуд, ки ӯро ба барангехтани адовати қавмӣ алайҳи мусулмонҳо муттаҳам мекунанд. Муҳокима дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҳизби озодии Гирт Вилдерс барои ҳамкорӣ бо эътилофи нави ҳукмрони Ҳолланд омодагӣ мегирад. Ин сиёсатмадор барои мамнӯъ кардани пӯшидани бурқа ва муҳоҷирати мусулмонон ба Ҳолланд, маъракаҳое роҳандозӣ кардааст ва бо баёнияҳои иғвобарангезе алайҳи мусулмонон шинохта шудааст. Дар сурати собит шудани гуноҳ, Гирт Вилдерсро ба 16 моҳи зиндон ва 10 ҳазор евро ҷарима маҳкум хоҳад шуд. Интизор меравад, ҳукми ӯро ҳафтаи оянда эълом кунанд. Ҳизби ӯ дар интихоботи моҳи июн дар Ҳолланд, аз ҳисоби 150 курсии порлумон, 24 курсӣ ба даст овард.
XS
SM
MD
LG