Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Русия ба сӯи Созмони тиҷорат ҳамвор шуд


Русия дар пайи ҳалли мушкилоти калидиаш бо Амрико зоҳиран ба сӯи узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат пой мегузорад. Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Русия ба сӯи узвият дар ин созмон гомҳои қобили мулоҳиза бардоштааст, ки якеаш таҳрири қонунҳои марбут ба ҳифзи ҳаққи муаллиф аст. Мақомоти Амрико тайи чандин сол аз Маскав тақозо доштанд, дар роҳи манъи нашру фурӯши ҷаълии филму мусиқӣ ва молҳои дигар иқдом кунад. Рӯзи ҷумъа давлати Русия ҳам хабар дод, ки музокироташ бо Амрико пиромуни шароити пайвастани Маскав ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат такмил шуда, ба гуфтаи мақомот, ин мавзӯъро руасои ҳарду ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ва Барак Обама дар як тамоси телефонӣ баррасӣ кардаанд.
Бино ба хабарҳо, Русия шояд соли оянда ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат расман пазируфта шавад.
XS
SM
MD
LG