Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад Обамаро сӯдбари музокироти сулҳ хонд


Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад рӯзи шанбе дар ҷараёни боздидаш аз Теҳрон гуфт, музокироти мустақими байни Исроилу фаластиниҳо танҳо тақвияти нуфузи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар кишварашро ба ҳадаф дорад.
Матбуоти Эрон мегӯяд, дар музокироти Асад бо раҳбарони Эрон масоили Лубнону Ироқ ва Фаластин асосӣ хоҳад буд.
Ин сафар ҳамагӣ як рӯз баъд аз даъвати сарвазири собиқи Ироқ Иёд Алавист, ки аз Димишқ хост, то равобиташ бо Эронро ба хотири пешгирӣ аз дахолат дар умури Ироқ истифода кунад. Музокироти Теҳрон ҳамчунин дар пешорӯи сафари қарибулвуқӯъи раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Лубнон аст, ки дар онҷо муттаҳиди Эрон- гурӯҳи Ҳизбуллоҳ бо сарвазир Саъд Ҳарирӣ бар сари муҳокимаи парвандаи қатли падари ӯ Рафиқ Ҳарирӣ даргири як ҷанги шадиди лафзист. Сурияро масъули сӯъиқасд ба Ҳарирӣ ном мебаранд. Аммо Димишқ инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG