Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таснифу таҳқиқи натоиҷи нуфусшуморӣ шурӯъ шудааст


Дар Тоҷикистон ба таснифу таҳқиқи маълумоти ҷамъшуда дар ҷараёни нуфусшумории саросарии аҳолӣ шурӯъ кардаанд. Ин маърака бо сарфи беш аз 6 миллион доллар ва бо ҷалби қариб 30 000 нафар аз 21 то 30 сентябр идома дошт. Мақомоти Ожонси давлатии омор гуфтаанд, натоиҷи муқаддамотии нуфусшуморӣ дар баҳори соли оянда, вале натоиҷи ниҳоияш дар соли 2013 ба нашр хоҳад расид.
Нуфусшумории қаблӣ дар Тоҷикистон 10 сол пеш анҷом шуда, ҷамъияти ин кишварро 6 127 400 нафар баршумурда буд. Вале аҳолии феълии Тоҷикистонро дар ҳудуди 7,5 миллион нафар рақам мезананд.
XS
SM
MD
LG