Ба гуфтаи Элдор Тоҷибоев, раиси иттифоқҳои касабаи кормандони истихроҷи фулузоти кӯҳии қирғиз, ин коршиканӣ ба далели он сурат гирифт, ки маъмурияти ширкати "Қумтор" аз боло бурдани маоши коргарон саркашӣ намуданд.
Коргарон дастмузди бештар мехоҳанд
Ба гуфтаи Элдор Тоҷибоев, коргарони оддии ширкати «Қумтор», 12 соат машғули истихроҷи тиллоянд, вале ҳақи заҳмати онҳо мувофиқи меҳнати онҳо пардохт намешавад.
Вай афзуд, миқдори маоши ин қишри коргарон нисбат ба маоше, ки ширкат ба коргарони канадаии худ мепардозад, хеле кам аст.
Ба таъкиди ин манбаъ, 21-уми сентябри соли равон, ба хотири ҳушдори мақомоти ширкати «Қумтор оперейтинг компани», як коршикании яксоата роҳандозӣ шуд, вале мақомот дар муқобили ин коршиканӣ ягон вокуниш нишон надоданд.
Эркингул Имоналиева, яке аз занони эътирозгар мегӯяд, ки бори аввал соли 2005 даст ба тазоҳурот зада буданд ва маъмурони ширкатро маҷбур намуданд, ки маоши онҳоро боло барад.
Коргарон аз шароити номуносиби корӣ низ шикоят доранд
Ба гуфтаи Эркингул Имоналиева, барои кори дувоздаҳсоата шароити дурусти корӣ мавҷуд нест ва баъзан ҳатто барои нафаскашии коргарон ҳаво намерасад.
Ин ҳамсӯҳбати мо тазаккур дод, ки дар оғози фаъолияти ширкат, барои истихроҷи тилло дар кони "Қумтор" як унси тилло баробари дусаду панҷоҳ доллари амрикоӣ буд, вале дар ҳамин ҳол канадаиҳо ин миқдори тиллоро дар ивази ҳазору дусад доллар ба фурӯш мерасонанд.
Гуфта шуд, ки маоши миёнаи коргарони ширкати истихроҷи тиллои Қумтор аз 20 то 35 ҳазор сом ё муодили 500-800 доллари амрикоист, ки боиси норизоии онҳо шудааст.
Ҷонибек Тулқунов, як коргари корхонаи истихроҷи тилло, мегӯяд, беш аз сад коргар ба сабабҳои мухталиф дар ҷараёни кор ба ҳалокат расиданд, вале касе аз маъмурони идории "Қумтор" ин масъаларо баррасӣ накардаанд.
Ба гуфтаи Ҷонибек Тулқунов дар як шаб 12 нафар аз заҳри метанол кушта шуданд, вале масъулияти ин кушторро касе бар дӯш нагирифт.
Ба гуфтаи эътирозгарони корхонаи истихроҷи тиллои "Қумтор", тазоҳуроти онҳо давомдор аст ва то ҳалли қазия, тазоҳуроти худро қатъ нахоҳанд кард.
Бузургтарин кони тиллои Осияи Марказӣ
Кони тиллои "Қумтор"-и Қирғизистон яке аз конҳои бузургтарини истихроҷи тилло дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
Гуфта мешавад, аз оғози истихроҷи тилло дар кони Қумтор, ки моҳи майи соли 1997 ба вуқӯъ пайваст, то ҳоли ҳозир дар ҳудуди беш аз 233 тонна тиллои холис истеҳсол шудааст.
Тибқи созмшнома бо ширкати канадаии «Сентерра», 31 дарсади саҳмияҳои ин корхона марбути давлати Қирғизистон аст.
Ба иттилои мақомоти «Сентерра», моҳи июли соли равон, ин ширкат бо як ширкати зери назари корхонаи "Баррик Голд Корпорейшан", фурӯши 64 фоизи саҳмияи худро, ки молиякияти муштараки вай ва корхонаи истихроҷи тиллои иёлати Невадаи Амрико ба шумор меравад, ба маблағи 35,2 миллион доллари амрикоӣ бекор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи байни ширкати канадаии «Зарафшон-Нюмонт» ва корхонаи фулузоти кӯҳии Навоии Ӯзбекистон, ки ба истихроҷи тилло машғул буд, ду сол пеш ба далели напардохтани молиёт аз ҷониби мақомоти ин кишвар бекор карда шуд.