Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯён дар яғмои се миллион доллар айбдор шуданд


Мақомоти ҳифзи тартиботи ИМА 37 шаҳрванди Русия, Украина, Қазоқистон ва Белорусро дар қаллобӣ муттаҳам карданд. 20 нафари онҳо аллакай бозошт шудаанд, афроди боқимонда мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Бар пояи иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, ин гурӯҳ бо истифода аз асноди тақаллубӣ беш аз се миллион доллари бонкҳои амрикоиро ба яғмо бурдааст. Ба хотири ғорати ин маблағ аъзои гурӯҳ ба компутарҳои бонкҳо ва даҳҳо ҳисобҳои бонкӣ вирус ворид карданд. Ҳамаи муттаҳамон дар донишгоҳҳои ИМА таҳсил мекарданд.
XS
SM
MD
LG