Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мурофиаи ӯзбактаборҳо мавқуф гузошта шуд


Ду мурофиаи додгоҳии ӯзбактаборҳо дар ҷануби Қирғизистон мавқуф гузошта шуд. Ба иттилоъи бахши қирғизиии Радиои Озодӣ, додгоҳи даҳ ӯзбаки маҳаллӣ дар деҳаи Қарасӯ баъди он ба таъхир уфтод, ки вакили дифоъи гумонбарон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ӯзбакҳои маҳаллӣ дар куштори раиси полиси Қаросӯ Одилбек Султонов ва ронанди ӯ Урон Шоҳмирзоев дар деҳаи Наримон замони даргириҳои қавмӣ миёни збакҳову қирғизҳо айбдор мешаванд. Пайвандони кушташудагон вакили дифоъи гумонбаронро баъди он мавриди латукӯб қарор доданд, ки ӯ гуфт афроди таҳти ҳимояташ дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷа қарор гирифтанд. Додрас тасмим гирифт, ки мурофиа мавқуф гузошта шавад.
Дар деҳаи Нукен бошад, мурофиаи додгоҳии чанд ӯзбаки ноҳияи Сӯзак баъд аз он ба таъхир уфтод, ки пайвандони гумонбарону қурбониён дар канори бинои додгоҳ вориди бархӯрд шуданд.
Бар асари задухӯрдҳои қавмӣ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон, ки моҳи июни соли равон ба вуқӯъ пайвастанд, тақрибан 400 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG