Таркиши мошини бомбагузоришуда дар баробари корвони мошинҳои НАТО дар Қандаҳори Афғонистон чандин куштаву захмӣ ба ҷой гузошт. Аз талафоти нерӯҳои байнулмилалӣ хабар нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, бар асари даргириҳо дар вилояти Қандаҳор ҳазорон нафар ба минтақаҳои дигар паноҳанда шудаанд. Фирори онҳо аз минтақаҳои Арғандоб ва Жарӣ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки дар ин вилоят амалиёти густардаи нерӯҳои НАТО зидди ошӯбгарон оғоз ёфтааст.