Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Маҳкумияти ҳомии ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон

Додгоҳи шаҳри Тошканд ҳомии саршиноси ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон, Сурат Икромовро дар тӯҳмат ва нашри иттилои нодуруст айбдор ва ба пардохти 100 000 сӯм ё 62 доллар ҷарима маҳкум кард. Додгоҳ ҳамчунин амр додааст, ки Икромов иттилои дар пайванд бо марги мармузи овозхон Дилнура Қодирҷонова дар соли 2007 нашракардаашро расман рад кунад. Икромов ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар гуфта буданд, ки овозхон аз дасти корманди милиса Ҷамшед Матлубов кушта шудааст. Бархилофи додгоҳ, модари овозхон, Октябрхон Юсуфова ин иттилои Икромовро тасдиқ кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Навзоди дуздидашуда дар ноҳияи Ҷомӣ пайдо шуд

Акс аз бойгонӣ

Табибони бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳам яке аз кормандони пулиси ин ноҳия пайдо шудани кӯдаки 23 сентябр аз зоишгоҳ дуздишударо тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, бино ба иттилои пешакӣ ин кӯдак аз сӯи яке аз хешовандони падари навзод рабуда шудааст. Маълум нест, ки ангезаи даст ба чунин кор задани ин шахс чӣ будааст.

Ин кӯдакро зоҳиран ҳамин руз аз ҳудуди ноҳияи Ҷомӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин феълан маълум нест, ки вазъи саломатии кӯдак, ки аз таваллудаш як ҳафта мегузарад, чӣ будааст.

Волидони кӯдак сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия буда, ин нахустин тифли онҳост. Ба нақли корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатист ва модари кӯдак, ки зоймони сангинро пушти сар карда буд, баъд аз ҷарроҳӣ ба шуъбаи эҳёи таваллудхона интиқол доданд.

Дуздидани тифл дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст.

Моҳи марти имсол Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як занро бо гуноҳи одамрабоӣ ба бештар аз нӯҳуним сол зиндон маҳкум кард, ки аз роҳи фиреб фарзанди думоҳаи зани дигарро

Бонки Русия ҳаҷми интиқолҳои пулӣ аз Русияро маҳдуд кард

Шахсоне, ки бидуни шаҳрвандии Русия дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, ҳақ нахоҳанд дошт бештар аз ҳаҷми маоши расмии якмоҳаи худро ба хориҷа интиқол диҳанд. Қарори Бонки Русия, ки ним сол пеш, баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина қабул шуд, ба мӯҳлати ним соли дигар тамдид гардид ва аз 1 октябри соли 2022 то 31 марти соли 2023 қувваи амал гирифт.

Илова ба ин, дар қарори рӯзи 29-уми сентябри ин бонки марказии Русия омадааст, ки «шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дӯсти он метавонанд дар давоми як моҳ ба ҳама гуна ҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ то 1 миллион доллар, тавассути низомҳои интиқолҳои пулӣ на бештар аз 10 ҳазор доллар (ваё асъори дигари хориҷии муодили он)-ро интиқол диҳанд”.

Маҳдуд кардани ҳақи интиқолҳои пулӣ аз Русияро коршиносон бо талоши бисёр сокинон барои тарки кишвар ва берун бурдани сарвату дороиҳояшон рабт медиҳанд, ки бо норизоияташон ба ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина рабт мегирад.

Кишварҳои “дӯст”-и Русия, ки Тоҷикистон ба ҳайси шарики стратегиву иқтисодӣ ба ин феҳрист дохил мешавад, онҳое мебошанд, ки сиёсатҳои ҳукумат ва ба вижа ҷангаш алайҳи Украинаро маҳкум накарданд.

CPJ: “Агар Тоҷикистон журналистонро озод накунад, мо талаби боздид аз маҳбасҳоро мекунем"

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт, вазъи озоди баён дар панҷ моҳи ахир дар Тоҷикистон шадидан бад шудааст.

Вазъи матбуоти мустақил ва хабарнигорони тоҷик дар ҷаласаи навбатии арзёбии ҳуқуқи башар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин ҷаласаи даҳрӯза 26-уми сентябр дар пойтахти Лаҳистон, Варшава шурӯъ шуд ва рӯзи 30-юми сентябр ба вазъи матбуот ва озодии баён дар кишварҳои узви САҲА бахшида шуд.

Том Гибсон, масъули дафтари аврупоии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар ин нишаст дар бораи боздошту фишор алайҳи хабарнигорон дар Тоҷикистон гузориш дода, аз ҳукумати кишвар озодии онҳоро талаб кард. Ҳоло дар Тоҷикистон дастикам ҳафт хабарнигор паси панҷара ҳастанд ва ба ҷиноятҳои сахт муттаҳам мешаванд.

Дар Тоҷикистон айни замон чандин хабарнигору блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хушом Ғулом дар боздошт ҳастанд.

Том Гибсон гуфт, вазъи журналистон дар ин кишвар баъд аз ҳодисаҳои моҳи май дар Бадахшон хеле бад шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар паи ин ҳодисаҳо, ки мақомот онро амалиёти зиддитерористӣ ном мебарад, боздошти хабарнигорон идома дорад. Вай гуфт, ҳукумат тамоми талошро ба харҷ медиҳа, то муҳокимаи хабарнигорони боздоштшуда пинҳонӣ ва дур аз чашми расонаҳои мустақилу ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат бигирад.

Том Гибсон гуфт: “Агар Тоҷикистон онҳоро озод накунад, мо талаби боздид аз маҳбасҳоро мекунем, то бо ҳолати руҳиву ҷисмонии боздоштшудаҳо ошно шавем. САҲА муваззаф аст, ки дар зиндонҳо мониторинг гузаронад.”

Дар ҷаласаи Варшава ҳамчунин аз фишору таъқиб ва ҳамла ба хабарнигорону аз ҷумла журналисти Радиои Озодӣ ёдовар шуданд. Том Гибсон, масъули дафтари аврупоии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз он нигаронӣ кард, ки расонаҳо дар кишвар ҳаққи фаъолияти озод надоранд ва танҳо ба фарзияи расмии ҳодисаҳои Бадахшон дастрасӣ доранду халос. Вай таъкид кард, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бояд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кунад, ки ба таъқибу фишори расонаҳои мустақилу ғайридавлатиро хотима диҳад.

Ин бори аввал нест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон Тоҷикистонро барои боздошти хабарнигорон интиқод ва озодии онҳоро талаб мекунад.

Мақомот ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надодаанд. Хабарнигорони тоҷик давоми моҳи 4 моҳи ахир боздошт шуданд ва мақомот онҳоро ба иттиҳоми гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, айбдор кардааст. Наздиконашон ин иттиҳомро беасос ва “сохтаву бофта” медонанд. Мақомот ҳам далелҳои бештар фароҳам намекунанд.

Дар рӯзи панҷуми ҷаласаи арзёбии ҳуқуқи башар дар Варшава, ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои ҷаҳонии кор бо хабарнигорон аз вазъи озодии баён ва саркуби ҷомеаи шаҳрвандиву журналистон дар бисёр кишварҳои дигари шӯравӣ ва узви САҲА изҳори ташвиш карданд.

Ҳамлаи мушакии русҳо даҳҳо сокини шаҳри украинии Запорожяро куштаву маҷрӯҳ кард

Макони ҳамлаи мушакӣ

Раиси вилояти Запорожя дар ҷануби Украина Олександр Старух гуфт, дар як ҳамлаи мушакии Русия ба корвони мошинҳои мулкӣ лар шаҳри Запорожя дастикам 23 нафар куштаву 28 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ӯ дар паёме дар Телеграм канале навишт, ки ҳамаи қурбониҳову маҷрӯҳон афроди мулкӣ мебошанд.

Ӯ гуфт, ки дар ҷои ҳодиса амалиёти наҷот ба роҳ монда шудааст. Старух гуфт, ки мошинҳо ба самти минтақаи аз ҷониби Русия ишғолшуда ҳаракат мекарданд. Ҳанӯз Маскав дар ин замина изҳори назар накардааст.

Дар Кремл ин соатҳо омодагиҳо ба ҳамроҳкунии ғайриқонунии минтақаҳои украинӣ, аз ҷумла Запорожя идома дорад. Ин кор баъди як назарпурсии сохтакоронае анҷом мешавад, ки онро Украина, ИМА ва СММ “тақаллубӣ” хонданд.

Корвони мошинҳо бо ҳадафи ба ҷои амн интиқол додани хешовандони сокинони мулкии Запорожя ба сӯи минтақаҳои ишғолшуда ҳаракат мекарданд.

Назарпурсӣ: Қарори басеҷ дар Русия эҳсоси "тарс, шок ва хашм"-ро эҷод кард

Даъатшудаҳо ба ҷанг аз Русия

Нисфи пурсидашудаҳо дар Русия гуфтанд, ки эълони басеҷи нисбӣ ё мобилизатсия ба артиш онҳоро ҳаросон кард ва танҳо тахминан чоряки пурсидашудаҳо гуфтанд, ки “бо Русия ифтихор мекунанд”.

Пурсише, ки онро маркази назарпурсии “Левада” охирҳои моҳи сентябр дар саросари Русия дар робита бо муносибати аҳолӣ ба мобилизатсия барпо кард, нишон дод, ки 47 дарсади пурсидашудаҳо аз ин маърака эҳсоси тарс, 23 дарсад – шок эҳсос карда 13 дарсад ба хашм омаданд. Эҳсоси тарсу нигарониву шокро 56 дарсади ҷавонҳои то 24-сола таҷриба кардаанд. Маълум нест, ки то куҷо ин омор баёнгари ҳақиқати пурраи вазъ мебошад.

Имзои қарори басеҷ ё мобилиатсияи нисбӣ, ки онро рӯзи 21-уми сентябр президенти Русия Владимир Путин имзо кард, боиси фирори мавҷи азими мардону ҷавонони синни хидмат аз Русия шуд. Наздиктарин марзҳои Русия - Қазоқистон, Гурҷистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистону Финляндия макони фирори мардони синни даъват аз Русия мешаванд ва бовар меравад, ки на камтар аз 250 ҳазор мардон сарҳади Русияро убур карда ба хориҷа рафтаанд.

Радио Свобода менависад, президент Путин дар изҳороте 29-уми сентябр маҷбур шуд эътироф кунад, ки “дар ҷараёни басеҷ хатоҳои фароворе роҳ дода шуд”. Ӯ амр дод, ки нафарони ғайриқонунӣ ба артиш бурдашуда ба хонаҳояшон баргарданд. Дар миёни мушкилоту камбудиҳое, ки ёд мешаванд, ин шеваи ташкили даъват ба артиш, таъминот, шароити маишии зисту нигаҳдории сарбозон ва дигарҳо мебошанд.

Мақомот дар Русия инчунин тақозо карданд, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Русия мераванд, басеҷ шаванд, дар ҳоле, ки аксари ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандонаш ба ҷангҳои бегонаро манъ ва ҷиноят арзёбӣ мекунад.

Бархе нозирон мегӯянд, басеҷи мардум ба артиш ба обрӯи Русия зарбаи шадид зад ва ҳоло Путин аз роҳи гӯё эътироф кардани хатоҳо мехоҳад дили мардумро ба даст оварад.

Путин "аҳдномаи ҳамроҳкунӣ"-и чор минтақаи украиниро имзо мекунад. Зеленский ваъдаи посухи сангин дод

Дар маросиме дар Кремлин рӯзи 30-юми сентябр президенти Русия Владимир Путин мехоҳад “аҳдномаҳои ҳамроҳшавӣ”-и расмии чор минтақаи украиниеро, ки қисман аз ҷониби Маскав ишғол шудаанд, яъне Луҳанск, Херсон, Донетск ва Запорожяро имзо кунад. Президенти Укрина Владимир Зеленский ваъда дод, ки бо сангинтарин шева посух хоҳад дод. Қаблан сухангӯи Путин Дмитрий Песков гуфт, ки баъди маросими имзо дар ҳузури раҳбарони таъиншуда аз Маскав дар ин минтақаҳо президент суханронӣ хоҳад кард.

Ба ин муносибат Кремлин дар Майдони сурх як консерти ҳунармандони попро ташкил мекунад ва аз ҳоло дар наворҳои азими видеоӣ навиштаҷоте мисли “Донетск, Луҳанск, Запорожя, Херсон – Русия!” дида мешаванд. Субҳи 30 сентябр Путин истиқлолияти ду минтақаи украинии Херсон ва Запорожяро эътироф кард ва ин кор роҳро барои ба Русия ҳамроҳ кардани онҳо боз мекунад. Айни ҳамин корро ӯ моҳи феврал ҳам дар робита бо Луҳанску Донетск карду баъди ин ҷангро алайҳи Украина шурӯъ намуд.

Зеленский, ки нирӯҳояш ҳафтаҳои охир дар муқовимат ба артиши Русия пешрафт мекунад, ваъда дод, ки бо сангинтарин шева посух медиҳад ва дар ҷаласаи изтирорие вазирони қудратиро ба машварат даъват кард.

Рӯзи 29-уми сентябр ИМА ва СММ нақшаи Маскав барои ҳамроҳкунии қаламравҳоро дар паи ба истилоҳ референдумҳо дар чор минтақаи украинӣ маҳкум карда ваъда доданд, ки ҳамаҷониба аз Украина ҳимоят хоҳанд кард.

Мобилизатсия нақшаи консерти Манижаро дар Тоҷикистон таҳрир кард

Манижа Сангин дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон. Декабри соли 2021

Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, замони баргузории консерташро дар Душанбе, ки “Сафари бекорнашаванда” номида буд, аз моҳи октябр ба ноябр гузаронид. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст. Ӯ сабаби ин тасмимашро ба эълони басеҷ ё мобилизатсия дар Русия ва масоили таъмини амнияти гуруҳи мусиқинавозонаш рабт додааст.

Ӯ гуфтааст, ҳамаи билетҳои қаблан харидашуда дар рӯзи дигари таъиншуда низ эътибор доранд. Қарор буд консерти Манижа, рӯзи 9-уми октябр дар пойтахти кишвар баргузор шавад. Ин барномаи ӯ, дар доираи як сафари ҳунарияш ба шаш кишвар роҳандозӣ шуда буд. Даромад аз ин консерти ӯ ба бунёди овозхон равона мешавад.

Бунёди ӯ "Силсила" ном дорад ва ҳадафаш кӯмак ба қурбониёни хушунат дар миёни муҳоҷирону паноҳандаҳо аст.

Полиси Тоҷикистон навзоди як ҳафта пеш дуздидашударо меҷӯяд

Акс аз бойгонӣ

Як кӯдаки навзод аз таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дуздида шудааст. Ба иттилои як корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ин ҳодиса шоми 23-юми сентябр рух дода ва мақомот дар пайи таҳқиқи ҳодиса ҳастанд. Волидони кӯдак сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия буда, ин нахустин тифли онҳост. Таҳқиқи ин қазия шурӯъ шудааст.

Ба нақли корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатист ва модари кӯдак, ки зоймони сангинро пушти сар кардааст, ҳамоно аз рабуда шудани писараш хабар надорад. Ба иттилои корманди милиса, ҳодиса замоне рух додааст, ки модари кӯдакро баъд аз ҷарроҳӣ ба шуъбаи эҳёи таваллудхона интиқол доданд.

Манбаи дигари Радиои Озодӣ низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, "ҳамон рӯзе, ки ин тифл таваллуд шуд, маҳз дар ҳамин таваллудхона 16 кӯдаки дигар ба дунё омад, вале маълум нест, чаро маҳз ин кӯдак рабуда шудааст". Дуздидани тифл дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст.

Моҳи марти имсол Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як занро бо гуноҳи одамрабоӣ ба бештар аз нӯҳуним сол зиндон маҳкум кард, ки аз роҳи фиреб фарзанди думоҳаи зани дигарро

, ба хонааш бурда буд.

Вазирони корҳои хориҷии ОМ ва ИМА: "Ҳама гуна баҳсҳо аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шаванд"

Принсипҳои эҳтиром ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳои узви маҳфили С5+1 дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА таъкид шуд. Дар изҳороти хотимавие, ки рӯзи 28-уми сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки «ширкатдорон инчунин ба аҳамияти пойдории сулҳ ва амният ва ҳам ҳалли ҳама гуна баҳсҳо аз роҳҳои дипломатӣ таъкид карданд».

Мулоқоти навбатии дипломатҳои баландпояи Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбекистон ва Туркманистон бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 22-юми сентябр дар ҷараёни иҷлосияи 77-уми Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд. Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард. Дар изҳороте, ки дар вебсайти Департаменти давлатии ИМА нашр шуд, мушаххасан аз низои марзии пурқурбонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 14-17-уми сентябр сар заду ҳарду тараф ҳамдигарро дар «таҷовуз» ба қаламрави ҳамдигар бо истифода аз силоҳҳои сангин гунаҳгор карданд, ёд нашудааст. Вале ин ҳодиса мояи нигаронии ҷиддии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла ИМА гардид.

Аз минбари Маҷмаи кулли СММ раҳбарони ҳайатҳои давлатии ин кишварҳо – президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамдигарро дар доман задани ин низоъ гунаҳгор карданд. Рӯзи 23-уми сентябр вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон - Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубаев бо Розмари Анн ДиКарло, муовини дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ «дар бораи вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар ва омодагии худро барои идомаи музокирот ба хотири ҳалли сулҳомези масъала баён карданд”.

Дар изҳороти баъди ҷаласаи С5+1, ки аз соли 2015 ба ин сӯ чун маҳфили машваратии вазирони корҳои хориҷии ОМ ва ИМА амал мекунад, инчунин гуфта шудааст, ки дар ҷараёни он ба идомаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва мулоқотҳо дар доираи ин чаҳорчӯб таъкид шудааст. Ба хотири тавсеаи ҳамкориҳо дар ин чаҳорчӯб ширкатдорон аз таъсиси котиботи маҳфили С5+1 хабар доданд. «Онҳо инчунин ташаббусҳои марбут ба амнияти иқтисодии минтақавӣ ва иртибототро баррасӣ карданд, ки ҳадафаш таъмини амнияти ғизоӣ ва энержӣ ва ҳам тақвияти ӯҳдадориҳо дар масоили ҳуқуқи башар мебошад”, омадааст дар матни изҳорот.

Идомаи дастгирии рушди соҳибкорӣ, муқобила бо тағйироти иқлим, технологияҳои сабз, рушди босуботи кӯҳ ва мудирияти об, тамрину омӯзишҳо ва рафтуомади инсонҳо аз дигар мавзӯъҳои мавриди пуштибонӣ дар доираи ҳамкориҳо номида шуд. Ширкатдорон таъкид намуданд, ки мулоқоти гурӯҳҳои

маҳфили C5+1 дар мавзӯи иқтисод, энерживу муҳити зист, амният ва гурӯҳҳои кории C5+1 ба таври мунтазам идома хоҳад кард.

Лимит ё корҳои таъмирӣ? Шарҳи "Барқи тоҷик"

Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст ва моҳҳои оянда низ "лимит" дар назар нест.

Як ҳафтаи ахир сокинон аз чанд минтақа, Турсунзода, Панҷакент ва Кӯлоб шикоят карданд, ки шабона ва рӯзона аз чор то шаш соат интиқоли барқ ба хонаҳояшон қатъ мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 30-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ навъ лимит ҷорӣ нашудааст. Ӯ гуфт, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, дар бархе ноҳияҳо зеристгоҳҳо ва симчӯбҳоро таъмир мекунанд ва дар бархе навоҳии дигар шохи дарахтонеро, ки ба симҳо мерасанд, мебуранд. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, барои чанд соат интиқоли барқ қатъ мешавад.

Дар Тоҷикистон панҷ соли ахир расман лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ намекунанд, вале ҳар сол дар фасли сармо сокинон аз қатъи барқ шикоят мекунанд. Мақомот набуди барқ ба хонаи сокинонро ҳамеша ба "корҳои таъмирӣ" рабт медиҳанд.

Сафорати ИМА: ба русиягиҳои муқими Қазоқистон паноҳандагӣ дода намешавад

Бинои Сафорати Амрико дар Қазоқистон.

Сафорати ИМА дар шаҳри Остона 29 сентябр гуфт, русиягиҳое, ки ба Қазоқистон рафтаанд, наметавонанд аз онҷо аз Амрико паногоҳ дархост кунанд.

"Сафорати ИМА дар шаҳри Остона ва Консулгарии генералии ИМА дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҳаққи қабули дархостҳои паноҳандагӣ ё мақоми гурезаро надоранд. Паноҳҷӯён танҳо дар сурати дар ИМА қарор доштан метавонанд барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ муроҷиат кунанд", - афзудааст сафорат.

Дархостҳои паноҳандагиро Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати ИМА (USCIS) баррасӣ мекунад ва бинобар ин, сафорат тавсия дода, ки довталабони эҳтимолӣ барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо онҳо тамос гиранд.

Кохи Сафед як рӯз пеш гуфт, русиягиҳое, ки аз басеҷ фирор мекунанд, метавонанд дар Амрико паноҳандагӣ гиранд. Карин Жан-Пер, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, шаҳрвандони Русия, ки намехоҳанд дар ҷанги "номаълум" ширкат кунанд ва аз басеҷи эълонкардаи президент Владимир Путин пинҳон мешаванд, метавонанд аз Амрико дархости паноҳандагӣ кунанд.

Қирғизистон моҳонаи хидмат дар марз бо Тоҷикистонро зиёд кард

Сарбозони қирғиз дар Бодканд.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров рӯзи 29 сентябр дар мулоқот бо сокинони деҳаи Мақсади вилояти Бодканди он кишвар гуфт, ки марзбонон аз 1 октябри имсол чи қадар моҳона хоҳанд гирифт.

“Марзбонон 15 000 сом (камтар аз 200 доллар) мегиранд. Оё ин барои низомиён муносиб аст? Чӣ қадар одамон мурданд. Ташаккур бар онҳо, кам ҳам бошанд, вале кишварро муҳофизат мекунанд", - суол кард як сокини маҳаллӣ аз Жапаров.

Жапаров дар посух хабар дод, ки маоши марзбонон аз 1 октябри соли равон боло бурда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, агар сержанти шартномавӣ қаблан 16 ҳазор сом мегирифт, вай минбаъд 32 ҳазор сом хоҳад гирифт. "Онҳое, ки дар ноҳияҳои Лайлак ва Бодканд хидмат мекунанд, маоши бештар, ҳудуди 76-ҳазорсомӣ мегиранд", - афзуд ӯ.

Ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Қазоқистон ва Русия боз дошта шуд

Қазоқистон ва Русия ҳаракати автобусҳоро дар масири Самара - Урал ва Толяттӣ - Урал аз 29 сентябр боз доштанд.

Истгоҳи Урали Қазоқистон хабар додааст, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти мусофирон дар пайи ҷамъшавии зиёди одамон дар гузаргоҳҳои марзии Русия гирифта шудааст.

"Ҳаракати автобуси Самара - Урал боз дошта шуд. Дар бораи дубора роҳандозӣ шудани ҳаракати автобус баъдан иттилоъ дода мешавад", - омадааст дар хабари истгоҳи Самара.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 21 сентябр "басеҷи қисман" эълон кард. Дар натиҷа ҳазорон рус кишварро тарк карданд. Бархеи онҳо ба Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рафтанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, аз оғози сафарбарӣ то рӯзи 27 сентябр 98 ҳазор шаҳрванди Русия вориди он кишвар шудааст.

Раиси «Тоҷик Эйр» дигар шуд. Шодмонзода ба ҷои Исматуллозода

Дилшод Исматуллозода

Дилшод Исматуллозода аз мақоми раиси ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» барканор шудааст.

Дар қароре, ки бо имзои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми сентябр содир шуд, сабабро «гузаштан ба кори дигар» гуфтанд, вале ҳеч шарҳе надодаанд, ки чӣ кор.

Бо қарори дигар Парвиз Шодмонзода мудири ширкати «Тоҷик Эйр» таъин шудааст.

"Тоҷик Эйр", ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон, солҳои дароз аст, ки мушкили молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, вазъи ширкат беҳ нашуд ва ҳавопаймоҳояш аз парвоз монданд.

Радиои Озодӣ соли гузашта дар як таҳқиқот муайян кард, ки ширкати “Тоҷик Эйр”, дар остонаи варшикастагии комил аст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки “Тоҷик Эйр” аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.

Қарори барканории Шавкат Бобозода содир шуд, вале сабабашро нагуфтанд

Шавкат Бобозода

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр бо қароре Шавкат Бобозодаро аз мансаби раиси Оҷонси содирот барканор кард, вале сабаби тасмимро нагуфт.

Ба иттилои дарёфтӣ, раиси Оҷонси содирот ва вазири пешини саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода боздошт шудааст. Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ ба қаллобии махсусан калон гумонбар аст. Наздиконаш мегӯянд, "ягон мушкилӣ нест".

Як манбаи огоҳ аз қазия ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шавкат Бобозода ду ҳафта пеш боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Ин банди қонун ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои дарёфтӣ, Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд.

Наздикони Бобозода ҳозир нашуданд, масъаларо шарҳ диҳанд. Яке аз пайвандони вазири пешин бе зикри номаш гуфт, "аҳволашон хуб аст, ягон гапи зиёдӣ нест, ҳамааш нағз."

Шавкат Бобозода 60-сола буда, аз соли 2019 раиси Оҷонси содироти Тоҷикистон аст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.

Бобозода аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд. Хадамоти матбуоти президент се сол пеш навишта буд, ки Бобозода "ба сабаби ҷой доштани камбудиҳо дар сохтор ва ниҳодҳои зертобеи худ" аз вазифа барканор шуд. Ҳамзамон бо фармони президент, Шавкат Бобозода раиси Оҷонсии нави содироти Тоҷикистон таин шуда буд.

Тибқи иттилои Оҷонси зиддифасод, дар шаш моҳи имсол дар корхонаҳои буҷетӣ қариб 105 миллион сомонӣ "зарари молиявӣ" ошкор кардаанд. Мақомот мегӯянд, 707 кас барои "ҷиноятҳои коррупсионӣ" боздошт шуданд.

Тоҷикистон ба Афғонистон 1000 тонна орд фиристодааст

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон барои кумак ба аҳолии муҳтоҷи Афғонистон 1000 тонна орд фиристодааст.

Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 29-уми сентябр хабар дод, ки ин ёрии башардӯстона аст ва ба зиёда аз 120 ҳазор нафар дар гӯшаҳои Афғонистон расонда шуд.

Пештар раҳбари идораи ёриҳои башардӯстонаи Созмони Милал ҳушдор дода буд, ки 6 миллион кас дар Афғонистон ба хатари қаҳтӣ рӯбарӯ буда, беш аз нисфи аҳолии 39-миллионнафарии ин кишвар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Гуруҳи тундрави Толибон моҳи августи соли 2021, баъди берун рафтани нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии зери раҳбарии Амрико ва вожгун шудани ҳукумати пешини ин кишвар, ба қудрат баргашт.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳукумати Толибонро, ки дар Афғонистон ҳуқуқи занонро поймол ва озодии баёнро маҳдуд кард, эътироф накардаанд.

Тоҷикистон тарафдори ташкили ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар он кишвар аст, вале Толибон борҳо хостаанд, Душанбе ба умури онҳо дахолат накунад.

Мунтахаби Тоҷикистон бозиро дар Ҷоми Осиё-2022 ба Узбекистон бохт

Мунтахаби футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки рӯзи 29-уми сентябр дар Кувайт баргузор шуд, аз тими миллии Узбекистон ба ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Узбекистон ба ҳисоби 3:1 ба поён расид. Дар нимаи дувуми дидор бозигарони тоҷик хуб ҳунарнамоӣ карда, дар дақиқаҳои охир як гол ба самар расонданд.

Дар ин бозӣ ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров зад. Голҳои мунтахаби Узбекистон ба Элбек Тулқинов, Ҳусниддин Нишонов ва Анасхон Раҳматов мансуб аст. Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мунтахаби Узбекистон хотима ёфт.

Бозии дигари гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Туркманистон ва Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 4:4 ба анҷом расид.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “В” мунтахаби Узбекистон бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз дар ҷойи дувум аст. Дастаҳои Баҳрайну Туркманистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд.

Барои унвони қаҳрамони Осиё 16 дастаи мунтахаби зӯртарини қора дар Кувайт мубориза мебарад. Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба даври баъдӣ – плей-офф - роҳ меёбанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум ва охирини Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» 1-уми октябр бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои миллии Узбекистон ва Баҳрайн барпо мегардад.

Зимнан, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб дар Бишкеки Қирғизистон дар гурӯҳи «В» ҷои дувумро гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки дар Кувайт ҷараён дорад, роҳ ёфт.

"Мақсади мо дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Кувайт нишон додани ҳамаи он чизест, ки ба он қодир ҳастем. Мекӯшем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Вазифаи мо ба даври баъдӣ роҳ ёфтан аст", - гуфт сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон аз ин пеш даҳ бор – солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамони Осиё иштирок кардааст ва танҳо як бор – соли 2007 дар Ҷопон – аз гурӯҳи худ баромада, ба плей-офф роҳ ёфтааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду аз «Истиқлол»);

Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гулаков, Умед Қузиев (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Баҳрайн – Тоҷикистон – 3:4


Голҳо: Умед Қузиев, 7 (0:1). Умар Ҳасан Алӣ, 11 (1:1). Бахтиёр Солиев, 22 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 23 (1:3). Аҳмад Муҳаммад Антар, 33 (2:3). Идрис Ёров, 38 (2:4). Ҷассим Солеҳ Анан, 38 (3:4).

27-уми сентябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

Узбекистон – Туркманистон – 8:0

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Узбекистон – 2:3


Голҳо: Элбек Тулқинов, 3 (0:1). Файзалӣ Сардоров, 4 (1:1). Ҳусниддин Нишонов, 6 (1:2). Анасхон Раҳматов, 18 (1:3). Файзалӣ Сардоров, 37 (2:3).

29-уми сентябр. Ал-Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-дулло».

Туркманистон – Баҳрайн – 4:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

2

2

0

0

11-2

6

2

Тоҷикистон

2

1

0

1

6-6

3

3

Баҳрайн

2

0

1

1

7-8

1

4

Туркманистон

2

0

1

1

4-12

1

Даври 3-юм

1-уми октябр (шанбе)

13:00 Тоҷикистон – Туркманистон

16:00 – Узбекистон – Баҳрайн

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

ИМА ҳамлаҳои Эронро ба Курдистони Ироқ маҳкум кард

Курдистони Ироқ

Иёлоти Муттаҳида бомбаборони Эронро дар минтақаи Курдистони Ироқ “ҳамлаи шармовар ба тамомияти арзии он кишвар” хонду маҳкум кард.

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, дар хабарномае гуфт, Вашингтон дар канори мардум ва ҳукумати Ироқ меистад.

Ба гузориши расонаҳои ғарбӣ, дар ҳамалҳои Эрон ба минтақаи Курдистони Ироқ рӯзи 28-уми сентябр дастикам 9 кас кушта шуданд.

Теҳрон гуруҳҳои мусаллаҳи курдро ба даст доштан дар эътирозу хушунатҳо дар Эрон муттаҳам медонад.

Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфт, раҳбарони Эрон на танҳо ба зиндагии мардуми худашон беҳурматӣ мекунанд, балки ба ҳамсояҳо низ чунин кореро раво мебинанд.

Қазоқистон ба раъйпурсии созмондодаи Русия нозир нафиристод

Херсон, Украина

Қазоқистон ба маъракаи ба ном раъйпурсӣ дар минтақаҳои ишғолии Украина, ки аз ҷониби ҷудоихоҳони рӯ ба Русия баргузор карда шуд, нозир нафиристодааст.

Дар ин бора Ойбек Смадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод.

Мудири Эътилофи пажуҳишҳои сиёсии Қазоқистон Карлигаш Нуъмонова рӯзи 27-уми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ӯро ҳамчун нозир ба маъракаи ба ном ҳамапурсии минтақаҳои Украина бурдаанд.

Киев ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамапурсиро дар вилоятҳои Донетск, Луганск, Херсон ва Запарожеи Украина барои пайвастан ба Русия маҳкум карданд.

Кумисюни интихоботии рӯ ба Русия дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина натиҷаҳои ба ном раъйпурсиро рӯзи 27-уми сентябр эълон кард. Ба иттилои кумисюн, дар вилояти Донетск 99,23 дарсади пурсидашудаҳо, дар Луганск 98,42%, дар Запороже 93,11% ва дар Херсон 87,05% ба ҷонибдорӣ аз ҳамроҳшавӣ ба Русия раъй додаанд.

Киев ва кишварҳои ҷаҳон борҳо ин ҳамапурсиро, ки панҷ рӯз давом кард, маҳкум карда ва онро "сохта" ва "ғайриқонунӣ" хонданд.

Ин ҳамапурсии ғайриқонунӣ метавонад ҷанг миёни Русия ва Украинаро сахттар кунад.

Амрико ба Украина 1,1 миллиард доллари дигар ёрӣ медиҳад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 28-уми сентябр бастаи нави ёриҳои низомиро ба арзиши 1,1 миллиард доллар ба Украина эълон кард.

Ба иттилои Пентагон, дар ин баста 18 маҷмаи мушакии HIMARS ва муҳимоти ин маҷмаа, 150 техникаи зиреҳпӯш ва низоми зидди бесарнишонҳо шомил аст.

Кохи Сафед мегӯяд, ин бастаи ёриҳоро ба ҳадафи тақвияти нерӯҳои Укриана эълон кард.

Аз моҳи январи соли 2021 Амрико ба Киев наздик ба ҳабдаҳ миллиард доллар кумак кардааст.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба хоки Украина таҷовуз кард.

Пешниҳоди таҳримҳои нав ба зидди Русия

Урсула вон дер Лейен

Урсула вон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, бастаи таҳримҳои навро алайҳи Русия пешниҳод кард.

Ин тасмим баъди ба ном раъйпурсӣ дар чаҳор минтақаи Украина барои пайвастан ба Русия эълон шуд.

Киев ва ҳампаймонҳояш раъйпурсии созмондодаи Русияро дар Донетску Луганск ва Херсону Запорожйе шармовар хонданд.

Ғарб гуфтааст, ҳаргиз натиҷаи онро, ки хилофи оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аст, эътироф нахоҳад кард.

Урсула вон дер Лейен рӯзи 28-уми сентябр ва ҳангоми пешниҳоди таҳримҳои нав гуфт, Кремл бояд ҳазинаи амалҳояшро барои афзоиши ҷанг дар Украина бипардозад.

Мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ паси дарҳои баста идома кард

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 29-уми сентябр паси дарҳои баста идома кард, вале на додрас ва на вакили мудофеъ ҷузъиёти онро шарҳ надоданд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи рӯзи панҷшанбе масъалаи пахши навори таблиғӣ дар Ютуб ва гирифтани маблағ аз як соҳибкори тоҷик дар Миср баррасӣ шудааст.

Мурофиаи дувуми Абдуллоҳ Ғурбатӣ субҳи 29-уми сентябр дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе оғоз ва то нимарӯз идома кард. Ба мурофиа танҳо вакили мудофеъ ва як шоҳидро роҳ доданд.

Додрас Беҳрӯз Шафо ва вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарифов баъди анҷоми мурофиа аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ карданд. Вакили дифоъ танҳо гуфт, то бегоҳ дар бораи ҷузъиёти мурофиаи имрӯз хабарномае пахш хоҳанд кард.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, додгоҳ рӯзи 29-уми сентябр масъалаи гирифтани маблағ аз як соҳибкорро баррасӣ кардааст. Сухан дар бораи таблиғи ширкати "Элнур" (Elnor) меравад, ки ба гуфтаи мақомот роҳбараш Идибек Латипов, дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори "шахсони моил ба терроризм" аст. Худи Идибек Латипов рӯзи 29-уми июл дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2007 боз дар Миср кору зиндагӣ дорад ва иттиҳоми мақомотро нисбати худ "беасос" номид.

“Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар додгоҳ гуфт, намедонист, ки номи роҳбари “Элнур” Идибек Латипов дар рӯйхати шахсони мамнуъ аст,” -- афзуд як манбаи огоҳ.

Нахустин мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 21-уми сентябр баргузор шуд. Дар мурофиаи аввал се корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоҳидӣ доданд. Маъмурони милиса даъво доранд, ки Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн дар бинои ШКД-и Шоҳмансур ба онҳо ҳамла ва таҳқир кардааст. Аммо ба гуфтаи ширкатдорони мурофиа, Ғурбатӣ даъвои кормандони милисаро беасос гуфтааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт ва ба "таҳқири намояндаи ҳокимият", "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" ва "иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ" гумонбар шуд. Манобеи боварбахш мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо низ ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон боздошти ӯ ва шаш хабарнигору блогери дигари тоҷикро дар чаҳор моҳи охир беасос номида, озодии онҳоро талаб карданд. Мақомот ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надода, вале хабарнигорну блогеронро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои манмнуъ гумонбар донистанд.

Мадумаров хост, Тошиевро барои овардани аслиҳа ба порлумон муҳокима кунанд

Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев

Яке аз вакилони шинохтаи Қирғизистон, Адахон Мадумаров, аз порлумони ин кишвар хостааст, рафтори Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллиро баррасӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Тошиев бар хилофи қонун ба маҷлисгоҳи вакилони мардумӣ аслиҳа овардааст.

Мадумаров рӯзи 28-уми сентябр дар ин ҷаласа гуфтааст: “Ин воқеият, ки раиси Кумитаи амният ба порлумон ду қуттӣ аслиҳа меорад, амали барбарона аст. Ҳамчун ниҳоди қонунгузор мо бояд қонунманд будани ҳар амалеро арзёбӣ кунем, вагарна бояд бидонем, ки Маҷлиси намояндагон вазифаи худро иҷро карда наметавонад.”

Баҳси рафтори Қамчибек Тошиев дар ҷаласае бархостааст, ки вакилони мардумии Қирғизистон муноқишаро дар марзи он кишвар бо Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.

Ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ягон вакил дар бораи ба толори порлумон аслиҳа овардани Қамчибек Тошиев суҳбат накардаанд ва хадамоти амнияти миллии Қирғизистон ин иддаоро рад кардааст.

Дар натиҷаи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизстон, ки аз 14-ум то 17-уми сентябр идома кард, аз ҳарду тараф бештар аз 100 нафар кушта шуданд.

Зарбаҳои мушакии Русия ҳазорон нафарро дар Харков бебарқ гузошт

Шаҳри Харков. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Украина рӯзи 28-уми сентябр гуфтанд, зарбаҳои мушакии Русия ба шаҳри Харков дар шабонарӯзи гузашта бештар аз 18 ҳазор хонаро бе нерӯи барқ гузоштааст.

Олег Синеҳубов, раиси шаҳри Харков, гуфт, нерӯҳои Русия мушакҳои S-300 ба кор бурдаанд, ки барои маҳви ҳавопаймоҳо ба кор меравад.

Ба қавли Олег Синеҳубов, Русия ин мушакҳои қавиро барои вайрон кардани зербунёдҳои Украина истифода мебарад.

Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Харков гуфт, дар натиҷаи зарба, зеристгоҳи барқӣ ва як коргоҳ нобуд шудааст.

Ҳеч гузорише дар бораи талафот нарасидааст, вале ба қавли идораи барқи вилоят 18500 муштарӣ дар ноҳияҳои Шевченскивски, Холодногорский ва Новобарский бе неруи барқ мондаанд.

Порлумони Қирғизистон берун бурдани 19 тонна тилоро таҳқиқ мекунад

Вакилони порлумони Қирғизистон барои таҳқиқи берун бурдани 19 тонна тило аз ин кишвар комиссияеро ташкил карданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии порлумон, ба ҳайати комиссия вакилон Марлен Маматалиев, Адахон Мадумаров, Исҳоқ Масалиев, Марат Мураталиев, Улуғбек Ормонов, Мақсад Сарбагишев, Жанар Акаев, Балбак Тулобаев, Нилуфар Олимҷонова, Арсланбек Малиев ва Шайлообек Атазов шомил шудаанд.

Қаблан бахши қирғизии Радиои Озодӣ муайян кард, ки мақомоти Қирғизистон харидорони 19 тонна тило ба маблағи 1,1 миллиард доллар, баробар ба 40 дарсади содироти ин кишварро дар соли 2021 махфӣ гардонидаанд.

Кумитаи миллии омори Қирғизистон гуфт, номи муштарӣ бо хоҳиши худи ӯ пинҳон нигаҳ дошта мешавад. Баъдтар Бонки миллии он кишвар хабар дод, ки ин ниҳод ба далели ба даст овардани доллари нақдина тилоҳоро фурӯхтааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG