Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи матбуоти чопи Душанбе


Изҳороти созмонҳои хабарнигорӣ дар посух ба баёнияи вазорати дифоъ, қиссаҳои Рашту таъқиби Мирзохӯҷа Аҳмадов ва заъфи аҳзоби мухолиф, аз муҳимтарин матолиби ҳафтаномаҳои чопи Душанбе аст.

“Фараж” зери сарлавҳаи “Лӯхтакҳои гилин” матлаберо, ки ҳанӯз ду соли пеш дар ҳамин нашрия рӯи чоп омада буд, дубора интишор дода, онро посух ба баёнияи вазорати дифоъ хондааст, ки ахиран хабарнигоронро дар баррасӣ ва тафсири “нодуруст”-и қазияи Камароб муттаҳам кард.

Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” дар пешсухани ин матлаб бо таъкид ба вазорати дифоъ навиштааст, “мо аз ҷиноятҳои Мирзохӯҷа Аҳмадов ва гурӯҳи ӯ оғоз аз соли 2007 менавиштем ва хатари ӯро барои шумо барин масъулон мерасондем.”

Вай дар идомаи ҷавобномаи худ гуфтааст, “ин ватан, ин миллат - ватани мо миллати мо низ ҳаст ва ин, ки чархи гардун шумобаринҳоро сари курсӣ овардааст, маънои онро надорад, ки бо сӯистифода аз мансаб ба ҷои ислоҳи камбудӣ, аз нафарони ислоҳи камбудиро мехоста душман созед.”

Дар ҳамин ҳол, аксари ҳафтаномаҳои мустақил изҳороти расмии созмонҳои хабарнигорӣ ва сардабирони баъзе аз нашрияҳоро низ интишор додаанд.

Тоҷикистон” ин изҳоротро дар саҳифаҳои худ ҷо дода навиштааст, мо кӯшишҳои таъқиб ва таҳқири журналистон аз ҷониби вазорати мудофиаро, ки мутаассифона тавассути ҳамкасбони мо аз раҳбарияти Кумитаи радио ва телевизион амалӣ гардид, ноҷо шуморида, талаб дорем, ки масъулини ин вазорат аз тариқи расонаҳо узр пурсанд.”

“Пайкон” амалиёти нерӯҳои давлатиро, ки дар аввал барои боздошти фирориён ва баъд аз он барои боздошту хунсо кардани гурӯҳи Мулло Абдулло ба минтақаи Рашт рафта, ҳоло Мирзохӯҷа Аҳмадовро ҳадаф қарор додаанд, шубҳаангез хондааст.

Ин нашрия гуфтааст, дар бораи ҳодисаҳое, ки дар Рашт мегузаранд, саволҳое ҳастанд, ки посухи дурусту саҳеҳро мехоҳанд.

Аз ҷумла, ба навиштаи “Пайкон”,Оё Мулло Абдулло ва Мирзохӯҷа мисли Хӯҷааливу Алихӯҷа якеанд, ки инро сабаби хиёнат медонанду ӯро таъқиб мекунанд?”

Олга Тутубалина, хабарнигори “Азия-плюс “ ҳам навиштааст, мақомот бояд тан гиранд, ки ҳадафи аслии онҳо дар минтақаи Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов буд.

“Ӯро кайҳост, ки мехостанд нобуд кунанд, аммо дар аввал тарсиданд... баъд комёб нашуданд”,-гуфтааст Тутубалина .

“СССР” бошад, дар матлабе мавқеъи баъзе аъзои Фронти халқӣ дар Кӯлобро дар як саҳифа ҷо додааст, ки онҳо гуфтаанд, бидуни шакк метавонанд барои муқобила бо собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, вориди Ғарм шаванд.

Алихон Шарифов, маъруф ба Алии Беҳудуд ба “СССР” гуфтааст, “мо чунин ҷанга зиёд дидем ва ҳукумат аз маҳорату малакаи ҷангии мо истифода барад.”

“Мухолифони бе мавқеъ” сармақолаи “Азия-плюс” дар ин ҳафта аст. Ин нашрия гуфтааст, “вақте оппозитсия мегӯем, собиқ қумондонҳои саҳроӣ ба ёд мерасанд. Аммо оппозитсияи дигар, яъне ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар Тоҷикистон “мурдаанд”.

Нуктае, ки дар сӯҳбат ба хабарнигори “Азия-плюс” раҳбарони аҳзоби сиёсӣ онро рад кардаанд.

“Озодагон” бошад, аз соҳибназарон пурсидааст, ки “Иттиҳоди нерӯҳои демократӣ то куҷо зарурат дорад?”

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани сиёсатшиносон, ташкили ин иттиҳодро “падидаи нек”, вале Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, онро “бозии сиёсӣ” хондааст.

ИмрӯзNews” зери сарлавҳаи ”Русия дар Тоҷикистон табадуллот карданист?” матлаберо чоп карда, акси Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони "Ватандор" ва аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро низ ҷо додааст.

Ин нашрия бо ишора ба нишасти хабарии оқои Атовулло дар Маскав навиштааст, “Агар то ин замон матбуот, сиёсатмадорон ва доираҳои коршиносии рус дар бораи Тоҷикистон ва ҳаводиси он як навъ пардапӯшона сӯҳбат мекарданд, акнун ба ошкорбаёнӣ гузаштаанд.”

Муъмин Қаноат, шоири мардумии Тоҷикистон, дар қисматҳои охири сӯҳбаташ дар ҳафтаномаи “Миллат” гуфтааст, “то ҳоло ҷанги шаҳрвандӣ тамом нашудааст ва бо шаклу шеваҳои дигар давом дорад.”

“Касоне, ки душмани истиқлоли миллӣ, андешаҳои миллии тоҷикӣ ҳастанд, шахсиятҳои миллатгароро аз байн бурда истодаанд”,-
гуфтааст Муъмин Қаноат.
XS
SM
MD
LG