Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистони Русия 15 ҷудоихоҳ кушта шудаанд


Вазорати умури дохилии Русия дар бораи бар асари ду ҳамла ба махфигоҳҳои ҷудоихоҳон дар Қафқози шимолӣ кушта шудани 15 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат хабар дод. Вячеслав Ҳасанов, намояндаи полиси минтақа изҳор намуд, ки ҳарду ҳамла дар ҷумҳурии Доғистон сурат гирифтаанд. Дар як ҳамла дар шаҳри Каспийск даҳ ошӯбгар ва дар ҳамлаи дигар дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурӣ, панҷ ошӯбгар ба ҳалокат расиданд.
Тибқи як хабари дигар аз ҷумҳурии Доғистони Русия, дар ин ҷо бар асари таркиш 8 корманди милиса ҷароҳат бардоштанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, таркиш шоми ҷаҳоршанбе дар шоҳроҳи миёни шаҳри Каспийск ва фурудгоҳ дар назди мошини полис рӯх дод.
XS
SM
MD
LG