Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барчидани охирин пайкараи Ленин дар Кӯлоб


Субҳи имрӯз, 29-уми сентябр сокинон ва намояндагони Ҳизби коммунист аз ногаҳон баркандани охирин ҳайкали Владимир Ленин, бунёдгузори давлати Шӯравӣ, аз Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб хабар ёфтанд.

Шариф Сафаров, раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ҳангоми вокуниш ин амалро «ваҳшиёна» унвон кард. Вай афзуд, ҳангоми сӯҳбат бо посбони боғ маълум кардааст, ки «гурӯҳи номаълуми нохалафе» соати 1-и шаб ба тахриби ҳайкали Ленин даст задаанд. Аммо посбони боғ гуфтааст, ки ӯ аз ин амал субҳ огаҳ шуда, ба масъулини боғ хабар додааст.

Ҷаноби Сафаров афзуд, Ҳизби коммунист ба ин хотир як ҷалассаи фаврӣ баргузор намуда, аз ҳукумати маҳаллӣ баҳри пайдо ва барқарор намудани ҳайкал дархост кардааст.

Ӯ гуфт: «Аъзоёни бюрои комитети партиявии шаҳр ва минтақаи Ҳизби комунистро аз тамоми районҳо ҷамъ намуда, ҳамин масъаларо муҳокима кардем. Тамоми комунистон бо як хашму ғазаб рафтори онҳоро маҳкум карданд.»

Эътирози коммунистҳо

Намояндагони Ҳизби коммунист дар ин ҷаласа инчунин гуфтаанд, ки агар ҳайкали доҳиашон дубора барқарор нашавад, даст ба эътироз хоҳанд зад.

Шараф Азизов, директори боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб
Аммо зуҳри имрӯз Шараф Азизов, директори боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби «гурӯҳи номаълум» шикастани ин ҳайкалро рад намуд. Ҷаноби Азизов гуфт, ин ҳайкал феълан дар анбори Боғ маҳфуз буда, интизори таъмиру тармим аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин ҳайкал, ки дар даромадгоҳи Боғ воқеъ аст, аз ҷониби комунистон таъмир нашудааст ва масъулини Боғ ҳайкалро танҳо барои бозсозӣ баркандаанд. Вай бо ишора ба эътирози комунистон гуфт, ки нигарон набошанд, зеро ҳайкал пас аз таъмиру бозсозӣ дубора дар ҷояш барқарор хоҳад гашт.

Вай афзуд: «Ҳайкалро танҳо ба хотири таъмиру тармим гирифтем. Дар ин солҳо, ки рангу бораш рӯи ба рӯ омада буд, мо онро андак дигар карда, ба як тартиби хуб дар ҷояш мегузорем.»

"Маъракаи зиддикоммунистӣ"

Бо ин вуҷуд, Шариф Сафаров, раиси Ҳизби коммунист дар минтақаи Кӯлоб аз як маъракаи зидди комунистӣ дар ин минтақа хабар медиҳад. Ӯ мегӯяд, феълан дар бархе масъалаҳо ҳам ҳукумат ба онҳо фишор меорад ва ҳам нашрияҳои маҳаллӣ фаъолияти онҳоро «ғайримунсифона» интиқод мекунанд. Ба унвони мисол ӯ мегӯяд, чанде қабл дар нашрияи «Пажвок» мақолае бо унвони «Ботлоқи сиёсӣ ва қадамҳои навбатии Ҳизби комунисти Тоҷикистон» интишор ёфт, ки дар он ба таҳқири пешвоёни сохти ҷомеаи комунистӣ роҳ дода шудааст.

Дар бастагӣ ба ин мавзӯъ ӯ гуфт: «Одаме, ки назарияи таълимоти марксисту ленинизмро намедонад, вай гапҳои ҳавоии сафсата ҳамааш хандаовар аст. Дар бюро ин мақолаи тӯҳматангези Рустами Азим низ баррасӣ кардем. Чунин ҳисоб мекунам, ки муҳаррири ин газета низ барои чопи ин мақола бемаданияти кардааст.»

Охирин пайкараи Ленин дар ин маҳал буд
Коммунистҳои "эрка"


Дар ҳамин ҳол, Рустами Азим, муаллифи мақолае, ки боиси ранҷиши комунистон гаштааст, мегӯяд, комунистон дар замони шӯравӣ «зудранҷ» ё ба истилоҳ эрка тарбия ёфта, тавони таҳамули интиқодро надоранд.

Ӯ мегӯяд: «Дар он мақола вазъияти таърихӣ ва кунунии Ҳизби коммунист ва таъсири он ба давлату ҳукумати Тоҷикистонро дар асоси далелҳо байён доштам. Аз он ки ҷониби Ҳизби коммунист бо гузашти се моҳ ба навишта вокуниши расмӣ надодаанд, чунин меҳисобам, ки онҳо санаду далелҳо дар муқобили навиштори ман надоранд ва танҳо дар сӯҳбатҳои ҷудогонаи таҳқирӣ худро таскин медиҳанд.»

Ҳизби комунист аз солҳои 30-уми асри гузашта дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунад. Ҳамакнун ба қавли раҳбари ҳизб беш аз 10 ҳазор сокин дар минақаи Кӯлоб пайравӣ ҳизби онҳост. Замони Шуравӣ дар аксар навоҳии минтақа ҳайкалу пайкараҳои Ленин, пешвои комунистон гузошта шуда буд, вале пас аз 15 соли пошхӯрии шӯравӣ онҳо барканда шуданд. Ҳайкали Ленин дар Боғи фарҳангу фароғатии Кӯлоб аз охирин ҳайкали он дар минтақаи Кӯлоб дониста мешавад. Қаблан, дар соли 2006 ҳангоми омодагӣ ба ҷашни 2700 солагии Кӯлоб ду ҳайкали Ленин аз шаҳр барканда шуда буд.
XS
SM
MD
LG