Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири нави АDB дар Тоҷикистон таъйин шуд


Бонки осиёии рушд иқтисоддони ҷопонӣ, Ҷоҷӣ Токеширо мудири дафтари ин бонк дар Тоҷикистон таъйин кардааст. Дар баёнияи расмии бонк омадааст, Ҷоҷӣ Токешӣ масъули ироаи кӯмакҳои молии Бонки осиёии рушд барои Тоҷикистон дар се соли ояндаро бар ӯҳда хоҳад дошт, ки дар маҷмӯъ 252 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҷоҷӣ Токешӣ дар гузашта дар дафтари Бонки осиёии рушд дар Афғонистон ва аз соли 2009 дар Тоҷикистон кор кардааст. Кӯмакҳои молӣ ва қарзҳои Бонки осиёии Рушд ба Тоҷикистон то охири соли равон 720 миллион долларро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG