Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меъёрҳои иораи кӯмакҳои молии Амрико тағйир меёбад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, ҳушдор дод, аз ин пас кишвараш зимни ироаи кӯмак бар кишварҳо, меъёрҳои сахттаре муқаррар хоҳад кард. Бо ишора ба Покистон, ки аз Амрико миллиардҳо доллар кӯмак мегирад, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, афроди сарватманди чунин кишварҳо бояд аз тарафи кишварҳои кӯмакрасон молиёт бигиранд: "Кишварҳое, ки гурӯҳҳои сарватманди худро молиёт намебанданд ва интизор доранд, ки мо омада кӯмак мекунем, то онҳо ба мардумашон хидмат расонанд, дигар ба ин шакли пешина аз мо кӯмак нахоҳанд гирифт." Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Покистон таҳти фишори Амрико ҳоло саргарми таҳияи низоми молиётситонии нав аст. Покистон солона аз Амрико тақрибан якуним миллиард доллар кӯмаки ғайринизомӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG