Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири истихроҷи майдони азими мис дар Арманистон


ВТБ, яке аз бузургтарин бонкҳои Русия сармоягузорӣ ба тарҳи истихроҷи маъдани мис ва молибден дар Арманистонро ба далели эътирози фаъолони ҳифзи муҳити зист боздоштааст. Ширкати Эй Си Пи Арманистон мехоҳад, майдони азими мису молибден дар минтақаи ҷангалии Лориро истихроҷ кунад. Созмонҳои ҳифзи муҳити зист, дар Арманистон мегӯянд, дар сурати истихроҷи ин майдон, ки 1 миллиону 600 ҳазор тонна мис ва 100 ҳазор тонна молибден дорад, 357 гектар ҷангал ва 128 ҳазор дарахт нобуд карда хоҳад шуд. Бар асоси созишномаҳо қарор аст, бонки ВТБ-и Русия ба ширкати арманӣ 280 миллион доллар қарз бидиҳад.
XS
SM
MD
LG