Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нажодпарастон вориди парлумони Русия мешаванд?


Ду созмони миллатгарои Русия – “Русский образ” ва Ҷунбиш алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ эътилоф таъсис карданд. Дар сомонаҳои нажодпарастони Русия гуфта шудааст, ки ҳадафи эътилоф – таъсиси ҳизби миллатгаро ва ширкат дар интихоботи парлумонист.
Ҷунбиш алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ яке аз созмонҳои бузурги миллатгарои Русия аст ва бо ибтикори он намоишҳое амсоли “Русский марш” баргузор мешаванд. Аз созмони “Русский образ” дар парвандаи куштори вакили дифоъ Станислав Маркелов ва хабарнигор Анастасия Бабурова ёдоварӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG