Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти кӯмакҳои ИМА душвортар хоҳад шуд


ИМА шартҳои дарёфти кӯмакҳо аз сӯи кишварҳои хориҷиро шадидтар месозад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, кишварҳое, ки хостори кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаанд, бояд, қабл аз ҳама, дар қавонини худ муҷозот барои ҷиноёт, аз ҷумла, сарпечӣ аз пардохти андозро, пурзӯр намоянд. Хонум Клинтон ба Покистон ишора кард, ки зери фишори ИМА аллакай қонуни нави андозро таҳия мекунад. Ҳамасола Покистон аз ИМА ба маблағи дасти кам якуним миллиард доллар кӯмакҳои ғайринизомӣ дарёфт мекунад.
XS
SM
MD
LG