Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳукмрон ҷойгузини Лужковро меҷӯяд


Ҳизби “Единая Россия” имрӯз машваратҳо дар бораи номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми мири шаҳри Маскавро шурӯъ мекунад. Елена Панина, котиби Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар шаҳри Маскав, ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки тибқи қонун раисиҷумҳури Русия бояд номзад ба ин мақомро на дертар аз ду ҳафта баъди истеъфои раҳбари собиқ пешбарӣ кунад. Дирӯз Дмитрий Медведев мири шаҳри Маскав Юрий Лужковро аз мақомаш барканор кард. Ҳамон рӯз Лужков дар бораи хуруҷаш аз ҳизби “Единая Россия” ариза навишт.
Ахиран маҷаллаи The New Times нусхаи номаи Юрий Лужков ба Дмитрий Медведевро нашр кард, ки дар он мири Маскав раисиҷумҳурро дар тарзи ғайридемократии муборизаи сиёсӣ ва ташкили маъракаи бадномсозии ӯ дар расонаҳои Русия айбдор намудааст.
Сарвазири Русия Владимир Путин хабар дод, ки дар сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳур номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми мири шаҳри Маскавро баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG