Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили ҳукми қотилони овозхони лубнонӣ


Додгоҳи Миср ҳукми эъдоми миллионери мисрӣ Ҳишам Талъат Мустафоро ба 15 соли зиндон табдил кард. Талъат Мустафо, ки дар парлумон аз ҳизби ҳокими Миср намояндагӣ мекард, ҳамроҳ бо Мӯҳсин Шакарӣ дар моҳи майи соли гузашта бо ҷурми бо зарби корд куштани овозхони 30-солаи лубнонӣ Сюзанн Тамим дар Дубай маҳкум ба дор шуданд. Қатли ин овозхон дар тобистони соли 2008 ҷаҳони арабро таккон дода буд. Додгоҳ имрӯз ҳукми қатли Шаккариро низ бо зиндони умрбод иваз кард.
XS
SM
MD
LG