Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбинии АДВ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон


Бонки осиёии рушд рушди маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро барои соли ҷорӣ 4,5 дарсад ва барои соли оянда 5,5 дарсад пешбинӣ мекунад. Аммо мӯҳтотона афзудааст, ки даст ёфтан ба ин пешрафт ба ҳамчунон баланд боқӣ мондани нархҳои ҷаҳонии алюминию пахта ва ҳаҷми таҳвили пули муҳоҷирон вобаста аст. Худи мақомоти Тоҷикистон мизони рушди иқтисоди кишварро дар соли равон беш аз 7 дарсад пешбинӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG