Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии шатранҷбозони тоҷик дар даври шашуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Шатранҷбозони тоҷик дар даври шашуми Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия ҷараён дорад, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Ҷамшед Исоев, Соҳиб Ҷӯраев ва Рашид Ҳусейнов бар тими Эфиопия бо ҳисоби 4-0 ғолиб шуд.

Мардони шатранҷбози тоҷик бо 2 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 2 бохт дар байни 149 даста ҷои 64-умро касб кардаанд. Тоҷикистон байни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо аз дастаи мардонаи Молдова пеш аст.

Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, дар даври шашум тими Замбияро бо ҳисоби 3-1 шикаст дод. Дар ин бозӣ шатранҷбозони ҷавон Надежда Антонова, Асила Мӯҳтоҷзода ва Мутрибаи Илҳом бар рақибонашон пирӯз шуданд, вале шатранҷбози пуртаҷриба Лидия Антонова мағлуб гашт.

Ҳамин тариқ, дастаи занонаи Тоҷикистон баъди 6 бозӣ (3 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 бохт) дар байни 115 даста дар ҷои 39-ум қарор дорад. Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ пеш аз дастаҳои занонаи Туркманистон, Молдова, Литва ва Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Ба ин тартиб, пас аз ҷамъбасти 6 даври мусобиқот дар сабқати мардон дастаҳои Укроин, Арманистон, Гурҷистон, Русия-1 ва Русия-2 ва дар сабқати занон дастаҳои Русия-1, Маҷористон, Гурҷистон, Укроин ва Чин пешсафанд.

Имрӯз, 28-уми сентябр, даври ҳафтуми мусобиқот баргузор мешавад. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Туркия ва дастаи занонаи кишвар бо тими Испания рақобат мекунанд.

Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар 11 давр то рӯзи 4-уми октябр идома хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG