Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи кишвар дар Шӯрои амнияти Тоҷикистон


Вазъи амниятӣ ва низомии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ таҳти раёсати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва баъд аз гузориши Додситони кул ва сарони ниҳодҳои қудратӣ баррасӣ шуд. Ҷаноби Раҳмон рӯйдодҳои ахири мамлакат, аз ҷумла фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳамлаҳои террористиро таҳдидҳое ба амнияти кишвар номида, аз ниҳодҳои қудратӣ тамаркуз ба пешгирӣ аз ҷиноятҳое монанди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва фасоду ришватро талаб кард. Аммо баҳои сиёсии ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба рӯйдодҳои ахир ва даъвати таҳқиқи мустақили онҳо дода шудааст ё не, иттилоъ нарасидааст. Ҳамзамон раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бори дигар ба оилаву пайвандони афсарону аскарони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ карда ва хостори ҳарчи зудтар дастгир ва безарар гардонидани ҷинояткорон ва ба ҷазои қонунӣ гирифтор намудани онҳо даъват намуд.
XS
SM
MD
LG