Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ зидди бародари Ҳомид Карзай


Бино ба хабари рӯзномаи амрикоии "Вол Стрит Ҷорнал" яке аз бародарони раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ҳадафи таҳқиқи ҷиноии муфаттишони амри коӣ қарор гирифтааст. Таҳқиқ бояд масъулияти Маҳмуд Карзай, бародари калонии президенти Афғонистон ва шаҳрванди Амрикоро дар надодани андоз, яғмогарӣ ва сирқат муайян кунад. Додситонии Ню Йорк ва Сафорати Амрико дар Кобул аз шарҳи масъала худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG