Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози расонаҳо аз даъвои Вазорати дифоъ


Расонаҳои мустақил ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон зимни пахши изҳороти муштарак аз вазорати дифоъ хостаанд, ки барои таҳқири матбуоти озод расман аз нашрияқо узрхоҳӣ кунад. Талаби узрхоҳӣ дар ҳоле матраҳ шудааст, ки рӯзи гузашта маркази матбуотии вазорати дифоъи кишвар баррасии таҳаввулоти шарқи Тоҷикистон дар нашрияҳоро «ғаразнок» унвон кард.

Қироншоҳ Шарифзода, сарвари созмони «Журналист», баррасии матолиби ҳафтаномаҳои Тоҷикистон дар бораи куштори сарбозон дар дараи Камароби Рашт аз ҷониби вазорати дифоъро амали «иғвогарона» арзёбӣ кард:

«Дар ин ҳолат, шояд вазорати дифоъ то андозае ноӯҳдабароии касбии худро ба гардани нашрияҳои мустақил бор ва худро дар назди мақомоти олии сиёсии кишвар ва мардуми Тоҷикистон бо ин барнома сафед карданӣ аст».



Интиқоди ҳафтаномаҳои мустақил

Вазорати дифоъи Тоҷикистон зимни як барномаи телевизионӣ, ки шоми шанбе, 25 сентябр, тариқи шабакаҳои давлатӣ чандин маротиба пахш шуд, нигаронии сарбозони вазорат аз матлабе дар ҳафтаномаи «Фараж»-ро эълом дошт. Аммо ба сурати умум ба расонаҳои дигар низ ишора кард, ки дар бораи куштори сарбозон дар дараи Камароб гузоришу тахлил нашр кардаанд.

Ба иддаои вазорат, дар ин гузоришҳо миёни мардум ноумедӣ аз амалиёти нерӯҳои амниятӣ ташвиқ шуда, амалиёти мазкур таҳти шакку шубҳа бурда шудааст.

Марат Мамадшоев, муҳаррир ҳафтаномаи «Азия-плюс», мегӯяд, куштори сарбозони бегуноҳ далели ғайриҳирфаӣ омода шудани ин амалиёти муҳим аст:



Ҳафтаи гузашта аксари ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба мошини ҳомили сарбозони вазорати дифоъ дар дараи Камароби водии Раштро, ки 28 кушта ба ҷо гузошт, баррасӣ карданд. Аз ҷумла масъулони ниҳодҳои қудратӣ барои пахш накардани иттиллои дақиқ дар бораи гурӯҳи мусаллаҳ ва истифодаи сарбозони бетаҷриба дар ҷанги зидди ин гурӯҳҳо танқид шуданд.

Оҳанги таҳдид дар изҳороти вазорат

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж" аз он ҳарос дорад, ки даъвои вазорати дифоъ метавонад як навъ сабақ барои дигар ниҳодҳои давлатӣ шавад
Рӯзноманигорон мегӯянд, дар муроҷиатномаи вазорати дифоъ оҳанги таҳдид ва маҳкумсозии расонаҳо вуҷуд дорад ва ин таҷрибаи нохубе барои дигар вазоратҳо хоҳад шуд.

Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи «Фараж» мегӯяд: «Ман аз он ҳарос дорам, ки ин як навъ сабақ ба марказҳои матбуотии дигар вазоратҳо мешавад ва онҳо ҳам тамоми камбудиҳоеро, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дорад, ба сари матбуоти озод мепартоянд».

Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, мегӯяд, баъди мутолиаи матолиби нашрияҳо ба натиҷае расидааст, ки дар баррасиҳои нашрияҳо иғво вуҷуд надорад, онҳо танҳо ҳодисаро таҳлил кардаанд:

«Пеш аз он ки ин гуна барномаҳо пахш шаванд, бояд ки як маротиба аз он ҷониб ҳам бо ширкати коршиносон таҳлил шавад. Нишон диҳанд, ки дар фалон мақола, дар фалон банд иғво ҷо дорад. Он вақт мо танқиди онҳоро қабул дорем. Аммо ҳоло танҳо сӯйистифода аз чунин як минбари баланд ҳасту халос».



Рисолати матбуоти озод дар Тоҷикистон

Зафар Абдуллоев, коршинос дар умури матбуот
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бо ишора ба заъфи аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ягона нерӯе, ки оинаи ҳақиқатгӯи амалҳои ҳукумат боқӣ мондаву онро барои ислоҳи камбудиҳо ташвиқ мекунад, матбуоти озод аст.

Зафар Абдуллоев, коршинос дар умури матбуот мегӯяд: «Ин вазъ иддае аз мақомотро наметавонад, ки нигарон накунад. Ҳоло ҳам мекӯшанд, дар оянда ҳам хоҳад кӯшид, то як васила, усул ва асбобе пайдо кунанд, ки ин нерӯро таҳти назорат нигоҳ доранд, яъне набояд иҷозат диҳанд, ки матбуот бештар озод шавад ва воқеиятро нигорад. Аммо ба фикрам, сатҳи имрӯзи расонаҳо дар Тоҷикистон дар сатҳест, ки имкони бастани озодии сухан вуҷуд надорад. Ҳар як амал дар ин самт пайомади мутақобил дорад ва зарбаи бебозгашт ба худи ҳукумат хоҳад буд».

Дар изҳороти расонаҳои мустақил ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, ки аз сӯи 20 раҳбар имзо шудааст, амали вазорати дифоъи Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии радиову телевизион кӯшиши таъқиб ва таҳқири рӯзноманигорон унвон мешавад ва аз онҳо тақозо мешавад, ки аз тариқи расонаҳо расмн узрхоҳӣ кунанд. Маҳз амале, ки солҳои ахир умуман иттифоқ науфтодааст.
XS
SM
MD
LG