Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши фаъолони яҳудӣ ба интиқоли кӯмак барои Навори Ғазза


Гурӯҳе аз фаъолони яҳудӣ талош доранд, бо вуҷуди муҳосираи Навори Ғазза аз роҳи обӣ ба ин ҷо кӯмаки башардӯстона ворид кунанд. Нӯҳ нафар аз Исроил, Бритониё, Олмон ва Иёлоти Муттаҳида дар киштие аз Кипр ё Қибрис ба самти Ғазза ба шино даромаданд ва қарор аст, роҳи корвони киштиҳои Туркияро, ки дар 31-уми май ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои Исроил қарор гирифта, дар он 9 шаҳрванди Туркия кушта шуданд, такрор кунанд. Вазорати умури хориҷии Исроил онҳоро ҳушдор додааст, ки барои расондани кӯмаки башардӯстона ба мардуми Ғазза аз бандарҳои расмии Миср ё Исроил истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG