Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се корманди хайрия дар Афғонистон рабуда шудаанд


Вазорати умури хориҷии Бритониё мегӯяд, як зани бритониёӣ, ки барои муассисаи хайрияи амрикӣ кор мекард, дар Афғонистон рабуда шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, зани бритониёӣ рӯзи якшанбе якҷо бо се афғон дар вилояти шимолушарқии Кунари Афғонистон дуздида шудааст. Раиси полиси ин вилоят мегӯяд, кормандони полис одамрабоёнро дунболагирӣ карда ва бо онҳо вориди даргирӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG