Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент сарбозони маҷрӯҳро аёдат намуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи душанбе сарбозонеро, ки бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ дар рӯзи 19 -уми сентябр дар дараи Камароб маҷрӯҳ шудаанд, дар бемористони артиш аёдат намуд. Бар асари ин ҳамла 25 сарбоз кушта ва 15 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни аёдати сарбозони маҷрӯҳ ба мақомот дастур додааст, ки аз тамоми тадобири мумкин барои муолиҷаи ҳарчи зудтари сарбозони маҷрӯҳ ва кӯмак ба онҳо истифода кунанд. Оқои Раҳмон ҳамчунин аз мақомт хостори кӯмак ба хонаводаҳои ин сарбозон шудааст.

15 нафар аз сарбозони вазорати дифоъ, ки бар асари он ҳамла захм бардоштаанд, феълан дар бемористони артиш таҳти муолиҷа қарор доранд.

19 -уми сентябри соли соли равон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, як гурӯҳи мусаллаҳ ба корвони вазорти дифоъ ҳамла намуд, ки бар асари он 25 сарбозу афсар кушта ва 15 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Мақомот мегӯянд, Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) ва Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) фармондеҳони собиқи ИНОТ ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъро раҳбарӣ кардаанд.

Баъди чанд рӯзи ин ҳамла амалиёте бар зидди Мирзохуҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини мухолифин дар Рашт сурат гирифт, аммо худи ӯ тавонист аз маҳал фирор кунад.

Мақомот Мирзохуҷа Аҳмадовро низ дар ҳамла ба корвони вазорти дифоъ ва паноҳ додани аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло ва худи ӯ масъул донистанд.

Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи мақомот амалиёти ҷустуҷӯи Мирзохуҷа Аҳмадов ва ҳамроҳони ӯ ва омилони ҳамла дар Камароб идома дорад.

Вале ба далели маҳдуд шудани робитаи телефонӣ бо Рашт имкони дарёфти иттилоъ аз ҷараёни амлиёти мазкур ва умуман вазъи минтақаи Рашт амалан ғайри мумкин шудааст.
XS
SM
MD
LG