Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуд Собиров: “Ҳодисаҳои Рашт бояд таҳқиқ шавад”


Масъуд Собиров-раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон
Масъуд Собиров-раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши баёнияи расмӣ, хостори ташкили комиссияи мустақиле шудааст, ки ба таҳқиқи ҳаводиси шарқи Тоҷикистон пардозад. Дар ин баёния омадааст, “даргирӣ ва ноамниҳое, ки вақтҳои ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайвастанд, дар миёни аҳли ҷомеа андешаҳои мухталифро ба миён овардааст".

Дар идомаи ин баёния омадааст: "Табиист, ки чунин андешаҳо нобоварии мардум нисбат ба мақомоти давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсиро эҷод мекунад.”

Ҳизби демократӣ хостори таҳқиқи ҳодисаҳои Рашт аст

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, аъзои комиссияи мустақил бояд аз ҳисоби намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, CММ, САҲА, ИДМ ва СҲШ ташкил ёбад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки ин пешниҳод барои омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии воқеӣ ба ҳаводиси минтақаи Рашт аз тарафи аҳли ҷомеа ва ҳизбҳои сиёсиву мақомот пазируфта хоҳад шуд.

Бархӯрдҳо дар водии Рашт, ки ду ҳафтаи ахир аст миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва собиқ размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифин - Мулло Абдулло, Аловуддин Давлатов ва ахиран Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки ба ин қатор шомил шуд, идома дорад.

Дар натиҷаи ин бархӯрдҳо, 25 сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ кушта ва 15 тан маҷрӯҳ гаштаанд. Мақомот мегӯянд, 6 тан аз афроди марбут ба собиқ размандагон, ки акнун аз онҳо ба унвони террорист ном бурда мешавад, низ куштаву чанд тани дигар боздошт шудаанд.

Дар сӯҳбате, ки бо Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, доштем, аз ӯ дар бораи ҷузъиёти ин баёния пурсидем:

Посух: Дар ду ҳафтаи ахир расонаҳои хабарӣ мегӯянд, нооромиҳое, ки дар минтақаи Рашт сар заданд, нооромиҳои аз пеш тарҳрезишудаанд. Ҳамзамон, ин нашрияҳо мегӯянд, ки ҳизбҳои сиёсӣ танҳо ҳарф мезананду халос. Коре аз дасташон намеояд. Дар ин маврид наметавонам аз ҳизбҳои сиёсӣ пуштибонӣ кунам. Зеро расонаҳо дуруст мегӯянд.

Ҳизбҳои сиёсӣ бо пахши изҳорот ва пайгирии ҳалли баъзе масоил машғуланд. Ба ҳамин хотир, Ҳизби демократи Тоҷикистон изҳоротеро дар бораи ташкили комиссияи мустақиле барои таҳқиқи ҳаводиси Рашт ва барои аз миён бурдани сарусадоҳову сӯи тафоҳумҳо қабул кард.

Бигузор комиссия вазъи ба амаломадаро таҳлил кунад. Баҳогузорӣ кунад. Ва натиҷаи фаъолияти ин комиссия ба мардум дастрас шавад.

Оё ҳукумат пешниҳоди ҳизби демократро мепазирад?

Пурсиш: То куҷо мӯътақидед, ки давлат ин пешниҳоди ҳизби шуморо хоҳад пазируфт?

Посух: Агар баръакс мебуд, яъне агар ҳизби демократ ҷилави қудратро дар даст медошту ҳизби халқӣ-деморкатӣ ин пешниҳодро мекард, мо ба хушӣ истиқбол мекардем. Бояд мақомоти давлатӣ аз ин имконият истифода барад ва гӯяд, “мардум шумо дар мавриди мо фикри нодуруст накунед, мо ҳамоне ҳастем, ки комиссия натиҷагирӣ кард.”

Пурсиш: Ва аммо нагуфтед, ки ин давлат то куҷо омодаи пазируфтани пешниҳоди ҳизби шумост?

Посух: Давлат то имрӯз бе ҳизбҳои мухолиф кор кард ва ростӣ, ба нокомиҳои бисёр мувоҷеҳ шуд. Имконият дод, ки ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар мавриди он ҳар гуна хулосабарорӣ кунанд.

Имрӯз барои мақомоти давлатӣ имкон пайдо шуд, ки аз ин мавқеи ҳизби демократ ба нафъи худ истифода кунад. Агар истифода кунад, бурди давлат аст.

Давлат дар оянда хоҳад, ки эътирозҳо нисбат ба он камтар шавад, ҳамин тур баёнияҳоро ба назари эътибор бигирад ва дар ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсии мухолифаш бошад.

Ҳукумат бояд бо аҳзоби мухолиф ҳамкорӣ кунад

Пурсиш: Шумо гуфтед, ки давлат бе ҳизбҳои мухолиф кор кард. Оё ҳамкории ҳукумат бо аҳзоби сиёсӣ дар ин чанд соли ахир воқеан чӣ тур буда?

Посух: Бохти ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар мавриди иштибоҳҳояш эрод мегирад, ҳамкорӣ намекунад. Гӯиё, ки ин ҳизбҳо бегонаанд.

Ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ки бо собиқ мухолифинаш низ дар ҳамкорӣ бошад. Онҳо низ шаҳрвандони кишваранд ва ободиву оромии ватанро мехоҳанд. Афсӯс, ки мақомоти расмии Тоҷикистон роҳи ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсиро пеш намегирад.

Пурсиш: Фикр мекунед, чаро ҳамингуна як фарҳанги муколама натанҳо бо ҳизбҳои сиёсӣ, балки бо ҳама қишрҳои ҷомеа аз миён рафтааст?

Посух: Бубахшед, ҳамин сабаб шудааст, ки нуфузи ҳукумат дар миёни ҷомеа ҳам намондааст. Ин бохти ҳукумат аст.

Барои ман ҳам муаммост, ки барои чӣ пешниҳоди дурустро қабул намекунанд. Баръакси пешниҳоди дуруст ҳукумат амал мекунад, ки натиҷааш зарари молӣ ва ё монеае барои пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ мешавад.

Кореро ба дурустӣ ба анҷом расонида наметавонад. Фикр мекунам, атрофиёни президент намегузоранд, ки маълумоти дақиқ то ӯ бирасад ва ӯ қарори дурустро қабул кунад.
XS
SM
MD
LG