Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуруллои Абдулло толибонро панд медиҳад


Нурулло Абдулло -ҳунарпешаи тоҷик дар нақши фармондеҳи Толибон
Нурулло Абдулло -ҳунарпешаи тоҷик дар нақши фармондеҳи Толибон

Ҳунарпешаи шинохта Нуруллои Абдулло дар ин рӯзҳо дар Хоруғ либоси толибонро ба бар кардааст. Дар баъзе гӯшаҳои шаҳр наворгирии филм, ки аз асорати журналистони фаронсавӣ ба дасти толибон ва раҳоии онҳо аз асорат бар асари амалиёти гурӮҳи вижаи фаронсавӣ нақл мекунад, идома дорад.

Нуруллои Абдулло нақши фармондеҳи саҳроии толибонро бозӣ мекунад. Вай изҳор дошт, ки вай дар иҳотаи «толибон » дар Хоруғ худро хеле хуб ҳис мекунад, зеро аксари онҳо дӯстон ва шиносҳояш ҳастанд.

Нуруллоҳи Абдулло бар тан либоси Толибон дорад

Вай баён кард, лаҳзае, ки ба нақш ворид мешавад худро танҳо ва даҳшатеро, ки бар сари асирон омадааст, амиқан эҳсос мекунад.

Ба гуфтаи ҳунарпеша, вай қаблан дар як филми дигар нақши муллои афғонро бозӣ кардааст, аммо нахустин бор либоси толибонро ба бар кардааст.

Аз ҳунарпеша пурсидам, ки оё дар либоси толибон чӣ панди беғаразеро барои толибон дар бағал дорад. Ҳунарпеша аз абёти оламшумули Саъдии Шерози ёдовар шуд:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офарниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Паёми синамогарон ба тамошобинон чист?

Нуруллои Абдулло гуфт, синамогарон кӯшиш мекунанд, ки як чизи дидани офаранд, аммо ҳоле чизе намедонад ва баъд аз ба намоиш даромадани филм хоҳад фаҳмид, нақшро чи тавр иҷро кардааст.

Ҳунарпеша мутақид ҳаст, ки аз рӯи мақоли « адабро аз ки омухти..» дар дили тамошогарони филм ҳисси нафрат ба ваҳшати ҷанг ва рафторҳои номатлуби инсониро бедор месозанд .

Дар нақшҳои асосии ин филм, ки синамосозони фронсавӣ ба навор мегиранд, ҳунарпешагони Голливуд Диана Крюгер ва Ҷимон Ҳонсу бозӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG