Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио капитани киштии чиноиро раҳо мекунад


Мақомоти Ҷопон изҳор намуданд, ки капитани киштии моҳидории чиноиро озод мекунанд. Ӯ бар асари як низоъ дар соҳилҳои ҷазираҳои баҳсбарангези Дяоюйдаои баҳри Чини шарқӣ рӯзи 8 сентябр боздошт шуда буд. Токио капитани киштии чиноиро дар бархурди барқасдона бо ду киштии ҳифозатиии ҷопонӣ айбдор мекард. Мақомоти Чин аз ҳукумати Ҷопон талаб карданд, ки фавран шаҳрванди кишварро раҳо намояд.
Боздошти капитани киштии чиноӣ боиси сардӣ дар муносибати миёни ду кишвари ҳамсоя шуд. ИМА чандин бор аз ҳарду кишвар талаб намуд, ки ҳарчӣ зудтар ба ин низоъ хотима бубахшанд.
XS
SM
MD
LG