Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи аршади чирикиҳо дар Колумбия


Давлати Колумбия мегӯяд, як фармондеҳи аршади Нирӯҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия, ё худ FARC, яке аз қадимтарин ва бераҳмтарин гурӯҳҳои чирикии фаъол дар ин кишвари Амрикои Лотиниро ба ҳалокат расондааст. Додситони кулли Колумбия Гилермо Мендоза гуфт, раҳбари амалиётҳои низомии FARC Хорхе Брисено Суарез дар як даргирии субҳи панҷшанбе кушта шуд. Вазорати хориҷаи Амрико дар баҳои маълумоте, ки ба боздошти ин фармондеҳи чирикиҳо мусоидат кунад, 5 миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG