Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди нави низомӣ то баҳор имзо хоҳад шуд


Русия мегӯяд, қарордоди нави ҳамкориҳои низомиаш бо Қирғизистон то моҳи март имзо хоҳад шуд. Генерал Валерий Герасимов, ноиби фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия дар Бишкек гуфт, тамоми таъсисоти низомии Русия дар Қирғизистон таҳти фармондеҳии воҳид хоҳанд омад.
Русия феълан дар Қирғизистон пойгоҳи ҳавоии кант, маркази истихборотии Чолдовар, як маркази зилзиланигорӣ дар Майлисӯ ва як озмоишгоҳ дар Иссиқкӯлро иҷора гирифтааст.
Аммо Бишкек гуфтааст, ки мехоҳад баҳои иҷораи ин таъсисотро ба маротиб боло бубарад.
Қирғизистон танҳо кишвари дунёст, ки дар он ҳам Амрико ва ҳам Русия пойгоҳҳои низомӣ дорад.
XS
SM
MD
LG