Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз таҳрими фурӯши аслиҳаи Русия интиқод кард


Вазири дифои Эрон имрӯз тасмими Русияро, ки аз фурӯши мушакҳои зидди ҳадафҳои ҳавоии С-300 ба Эрон худдорӣ кардааст, зери интиқод гирифт. Изҳороти генерал Аҳмад Ваҳидӣ дар ҳоле садо медиҳанд, ки Иёлоти Муттаҳида аз ин тасмими раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, ки дар робита ба таҳримҳои Созмони Милал зидди барномаи ҳастаии Эрон гирифта шудааст, ҷиддан истиқбол намуд. Бино бар фармони нави Медведев, фурӯши танк, ҳавопаймоҳои ҷангӣ, чархбол, киштӣ ва шабакаҳои мушакӣ ба Эрон низ мамнӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG