Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои давлати Боқиев афв нахоҳанд шуд


Ду мансабдори дар гузашта баландпояи қирғиз, ки ба ҷиноёти молӣ айбдор мешаванд, гумон аст, ки таҳти қонуни ахири афв қарор бигиранд. Раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева қонуни афви афроди мазнун дар ҷиноёти иқтисодиро дар авоили сентябр имзо кард. Вале Юсуфбек Аҳмадов, узви куммиссиюни давлатии таҳқиқи мавориди сӯъиистифодаи аъзои ҳукумати собиқи Қирғизистон гуфт, на вазири собиқи моликияти давлатӣ Турсун Турдимамбетов ва на вазири собиқи дифоъ Бахит Калиев таҳти ин афв қарор нахоҳанд гирифт.
Таҳқиқот дар “Азияуниверсалбанк” 5,8 миллион доллар маболиғи марбут ба Бахит Калиевро пайдо карда буд.
Як шарти қонуни афв ҷуброн кардани хисороти ворида ба хазинаи давлат аст. Вале ин ду мақоми собиқ, ки дар даврони раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев соҳиби мансабҳои баланд буданд, ҷиҳати пас додани маболиғи сирқатшуда ҳусни ҳамкорӣ нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG