Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи байнулмилалии сулҳ дар сояи нооромиҳо


Рӯзи байналмилалии сулҳ, ки шурӯъ аз соли 1982 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 21-уми сентябр таҷлил мешавад, имсол дар Тоҷикистон зери сояи нооромӣ ва бесуботӣ мондааст.

Ҷомеаи ташнаи сулҳ

Ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо пушти сар гузоштани ҷанги шаҳрвандӣ ва дар ҷисму рӯҳи худ таҷриба кардани пайомадҳои фоҷиабори он ба сулҳу амният даст ёфтааст, дубора ба сулҳ ва оромиш ниёз пайдо кардааст.

Созиши ҷонибҳои даргир баъди хатми ҷанги панҷсола, ки ҷони даҳҳо ҳазор танро рабуд ва бо ворид кардани хисороти ҳангуфти молӣ хотироти ваҳшатнокеро аз худ боқӣ гузошт, аз сӯи мардум мавриди истиқболи гарму густарда қарор гирифт.

Ҳамасола таҷлил кардани рӯзи Иди Ваҳдати миллӣ, ки ба муносибати имзои Созишномаи умумии сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифини пешин дар санаи 27 июни соли 1997 ба вуқӯъ пайваст ва ин рӯзро дар радифи ҷашнҳои расмӣ қарор додан шаҳодат аз он медиҳад, ки мардум, ҳукумат ва мухолифин ташнаи оромӣ ва сулҳанд.

Сулҳ то куҷо пойдор аст?


Вале даргирии миёни ниҳодҳои қудратӣ ва гурӯҳи мусаллаҳи зери итоати Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов, аз фармондеҳони пешини нерӯҳои мухолифини тоҷик дар ноҳияи Рашт, ин пурсишро низ матраҳ кардааст, ки субот дар ин кишвар то куҷо устувор аст ва сулҳе, ки ба даст омада буд, пойдор аст ё хайр?

Коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик дар ин бора назарҳои мухталиф доранд. Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, сулҳу субот дар кишвар ҳоким аст ва нерӯҳои мухолифи давлат, ки бо равишҳои он мувофиқ нестанд, дар доираи қавонин амал мекунанд.



Оқои Шарифов афзуд, ҳеҷ яке аз ин нерӯҳо бо гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар ноҳияи Рашт, ки ҳоло таҳти таъқиби мақомот қарор доранд, ҳамовозӣ накардаанд. Ба таъйиди ӯ, ин гурӯҳи мусаллаҳ вобастаи давлатҳои хориҷӣ буда, фармоиши онҳоро иҷро мекунанд ва давлати Тоҷикистон дар ҳеҷ сурат бо онҳо музокира нахоҳад кард.

Давлат Усмон: Тавозуни сиёсӣ риоят нашуд

Ин дар ҳолест, ки Давлати Усмон, аз роҳбарони мухолифини пешини тоҷик, мегӯяд, тавозуни сиёсӣ, ки ба дунболи Созишномаи умумии сулҳ миёни давлат ва мухолифини пешини тоҷик дар соли 1997 ҳосил шуда буд, риоят нагардид. Дар ҳоле, ки сулҳу субот дар кишвар, меафзояд оқои Усмон, ба таври зарурӣ пойдор нашуда буд, ҳукумат дар баробари мухолифини пешини худ ба як идда иқдомоте даст зад, нобоварӣ ва шубҳаҳоро эҷод кард.



Вале, мегӯяд оқои Усмон, ӯ мутмаин аст, ки раисиҷумҳур, ки таҷрибаи ҳалли муноқишот ва низоъро аз ҳар каси дигар дар ҳукумат бештар дорад метавонад, ҷилави тавсеаи ин нооромиҳоро бигирад.

Ниёз ба кумаки шахсони соҳибнуфуз

Ин нуктаро Ойниҳол Бобоназарова, ҷомеашиноси тоҷик низ таъкид мекунад, ки барои ҷилавгирӣ аз идомаи нооромӣ зарур аст, ки ҳукумат бо нерӯҳои умдаи сиёсӣ ва шахсони соҳибнуфуз иртибот ва ҳамкорӣ кунад. Хонум Бобоназарова мегӯяд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дорад ва унсурҳои барҳамзанандаи субот даст ба амал шудаанд, бо ҷалби чунин нафарон метавон аз ин мушкилӣ халос шуд.



Раҳматулло Абдуллоев, ходими Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа, мегӯяд, ҷомеаи тоҷик як давраи салтанати қумандонҳоро дар ёд дорад, ки такрори онро ба ҳеҷ сурат намехоҳад. Ва ба маҳзи пойдории сулҳ аст, ки имрӯз таъсири ин қумандоҳо дар ҷомеа аз байн бурда шудааст. Аммо, мегӯяд оқои Абдуллоев, дар марҳалаи имрӯза ҳукумати Тоҷикистон бояд манофеи нерӯҳои сиёсиро ба эътибор бигирад.

Бо ин ҳама бештари коршиносон дар ин маврид иттифоқи назар доранд, ки коре кард то нооромии ба вуқӯъпайваста дар маҳалли бурузи худ сокит шавад ва ҳукумат тамоми тадобирро биандешад, ки он ба бақия манотиқ сироят накунад.
XS
SM
MD
LG