Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хоҳари Абдулризо Тоҷик дар Теҳрон


Хоҳари Абдулризо Тоҷик, журналист ва фаъоли боздоштшудаи ҳуқуқи башар дар Эрон ба "нашри иттилои дурӯғ" ва "ҷамъомад, суиқасд ва интишори таблиғ алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ айбдор шудааст. Парвин Тоҷик бо пардохти гаравпулӣ аз маҳбас озод мебошад, аммо парвандаи ӯ ба Додгоҳи инқилоби исломӣ фиристода хоҳад шуд. Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, вай барои номае ба вазорати адлия, ки дар он аз таҷовуз ба номуси бародараш навиштааст, зери фишори мақомот қарор ёфтааст. Абдулризо Тоҷик, узви Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Теҳрон баъд аз эътирозҳои пасоинтихоботи моҳи июни соли 2009 рӯзи 12-уми июни соли равон бори савум боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG