Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Алии Бедакӣ дар телевизион зоҳир шуд


Шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистон шаби душанбе навори эътирофи гуноҳи Ҳусниддин Давлатов, бародари Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакиро намоиш доданд. Ҳусниддин Давлатов, вакили маҷлиси ноҳияи Рашт, ки дар рӯзҳои иди Рамазон боздошт шуда буд, дар ин навор ба гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов пайвастани бародараш Алии Бедакӣ ва даст доштани онҳо дар ҳамлаи хунини рӯзи 19 сентябр алайҳи корвони нирӯҳои артиши Тоҷикистон дар дараи Камаробро иқрор мекунад.
Бар асари ҳамла дар дараи Камароб дастикам 23 сарбози артиш кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ҳадафи ҳамлагарон эҷоди бесуботӣ дар водии Рашт ва ба як пойгоҳи гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ табдил додани ин минтақа аст.
XS
SM
MD
LG