Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Бори қарз сангинтар нашавад"


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи аввали нишасти сарони кишварҳо бахшида ба Барномаи рушди ҳазорсолаи СММ дар Ню-Йорк гуфт, мушкилоте, чун пайомадҳои бӯҳрони иқтисодӣ ва тағйири иқлим дар роҳи иҷрои ин барнома мониаҳоеро эҷод кардааст. Оқои Раҳмон бори қарзҳои берунаро як мониаи ҷиддӣ дар роҳи пешрафт унвон кард ва гуфт, мабодо ки иҷрои Барномаи рушди ҳазорсола бори қарзро дар гардани кишварҳо боз ҳам сангинтар кунад.
Тоҷикистон яке аз 8 кишвари озмоишӣ дар иҷрои Барномаи рушди ҳазорсола ба шумор меояд. Дирӯз дар Ню-Йорк расми муаррифии гузориши давлати Тоҷикистон дар бораи ҷараёни иҷрои ин барнома дар кишвар низ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG