Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони кишварҳо мубориза бо фақрро баррасӣ мекунанд


Имрӯз сарони 140 кишвари олам дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк барои баррасии мавзӯъи мубориза бо гуруснавгиву фақр ҷамъ меоянд. Дар нишасти серӯзаи Маҷмааи кулли СММ роҳҳои расидан ба аҳдофи Барномаи ҳазора, ки даҳ сол қабл шурӯъ шудааст ва то соли 2015 идома хоҳад кард, мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.
Ҳадафҳои асосии ин барнома – аз байн бурдани фақр, коҳиши маргу мири атфол, беҳбуди вазъи таълиму тадрис ва ҳифзи сиҳат, қатъи паҳншавии марзии СПИД эълон шудаааст. Қарор аст, ки имрӯз дар нишасти Маҷмааи кулли СММ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам суханронӣ кунад. Суханронии Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи чаҳоршанбе барномарезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG