Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Бан Кӣ Мун бо Маҳмуди Аҳмадинажод


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дирӯз дар Ню-Йорк бо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот кард. Бан аз Аҳмадинажод даъват кард, дар мавзӯъи барномаҳои ҳастаии Эрон аз шеваи ҳамкории созанда бо ҷомиаи байналмилалӣ кор бигирад. Ӯ ҳамчунин ба раҳбари Эрон муҳим будани эҳтиром ба ҳуқуқи аслии шаҳрвандиву сиёсиро таъкид кардааст. Аҳмадинажод дирӯз дар сӯҳбат бо телевизиони амрикоии ABC аз Вошингтон даъват кард, 8 эрониеро, ки дар Амрико, ба таври, ба гуфтаи ӯ, “ғайриқонунӣ” боздошт шудаанд, раҳо кунад. Ӯ гуфт, ки Эрон дар ҳафтаи гузашта бо раҳоии Сара Шоурд аз зиндон дар ин роҳ ҳусни ният нишон додааст.
Аҳмадинажод ба хотири ширкат дар иҷлоси солонаи Маҷмаъи умумии СММ ба Ню-Йорк омадааст.
XS
SM
MD
LG