Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 сарбози давлати Тоҷикистон дар Рашт


Хабаргузориҳои ДПА-и Олмон ва Интерфакси Русия ба нақл аз манобеи маҳаллӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, дар даргириҳое дар шарқи ин кишвар ба камияш 5 сарбози нерӯҳои давлат ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти гумон доранд, ин ҳамла аз тарафи террористҳое сурат гирифтааст, ки аксари онҳо дар моҳи август аз маҳбас фирор карда ва дар кӯҳҳо паноҳ бурдаанд. Ба ишораи ин хабаргузориҳо, нооромиҳо дар минтақае сар задаанд, ки дар солҳои 1990 аз саҳнаҳои даргирии нерӯҳои ҳукумати президент Раҳмон бо мухолифонаш буд.
XS
SM
MD
LG