Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрдҳо дар Рашт ва Файзобод


Бино бар маълумоти аҳолии маҳаллӣ як мошини ҳарбиёни Тоҷикистон дар дараи Камароб ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи номаълум қарор гирифтааст. Ин манобеъ мегӯянд, дар даргириҳо чанд сарбоз кушта ва захмӣ шудаанд. Ба маҳалли ҳодиса аз маркази ноҳияи Рашт бо истифода аз ду зиреҳпӯш ва ду чархболи ҷангӣ нерӯҳои иловагӣ ба Камароб фиристода шудаанд. Мақомоти қудратии Тоҷикистон аз шарҳи ин иттилоъ худдорӣ мекунанд. Ҳафтаи гузашта сарони ниҳодҳои қудратии кишвар ба Рашт сафар ва бо фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони собиқ, Шоҳ Искандаров ва Мирзохуҷа Аҳмадов гуфтушунид карданд. Бино бар хабарҳо, вазирони дифоъ ва умури дохилӣ, ноибони аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситони кулли Тоҷикистон аз ин фармондеҳон хостаанд, дар муқобили гурӯҳи Мулло Абдулло бо нерӯҳои давлат ҳамкорӣ кунанд. Ин ҳам дар ҳоле ки гуфта мешавад, барои боздошти маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Рашт ситоди муштаракаи сайёри ниҳодҳои қудратӣ таъсис ёфтааст. Дар ҳамин ҳол аз як даргирии дигар дар ноҳияи Файзобод хабар мерасад, ки дар натиҷаи он 3 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористони ноҳия ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG