Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароёни Русия ба озодӣ баромад


Фаъоли ҳуқуқи гейҳо ё афроди ҳамҷинсбози Русия, ки баъд аз боздошт шуданаш дар фурудгоҳи Маскав, бенишон гашта буд, дубора пайдо шуд ва аз асорати дурӯзааш иттилоъ дод. Николай Алексеев мегӯяд, вай пас аз ҳабсаш аз тарафи афроди номаълум дар дафтари полис дар ҷануби Маскав, шоми ҷумъа ба озодӣ баромадааст. Дар ин боздоштгоҳ ба ӯ фишори шадид оварда шудааст, то аризаи худро аз Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон бозпас гирад. Ин аризаро вай бо шикоят аз ҳукми мақомоти Маскав, ки баргузории намоиши ҳамҷинсгароён дар ин шаҳрро манъ карда буд, ба додгоҳ фиристодааст. Қарор аст, сарнавишти ӯ дар мулоқоти вазирони умури хориҷии Фаронса Русия, Бернар Кушнер ва Сергей Лавров баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG