Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 гумонбаршудаи таркиши Хуҷанд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти се гумонбари таркиши марталабона дар Хуҷанд иттилоъ дод. Дар баёнияи он гуфта мешавад, ба хотири бехалал идома кардани таҳқиқ номи ин афрод ошкор намешавад. Инфиҷор дар субҳи 3-юми сентябр дар бинои раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар вилояти Суғд ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 4 нафар кушта, 21 тани дигар захмӣ шуданд. Ин аввалин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон буда, як гурӯҳи то ин вақт номаълуми Ҷамоаи Ансоруллоҳ масъулияти онро бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG