Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунатҳо дар рӯзи интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон


Дар Афғонистон интихоботи порлумонӣ ҳамзамон бо хушунатҳо ва аввалин гузоришҳо аз тақаллубу хилофкорӣ ҷараён дорад. Хабаргузориҳо мегӯянд, дар як ҳамлаи мушакӣ дар вилояти шарқии Нангарҳор ду нафар кушта ва як тан захмӣ шудааст. Чунин ҳамлаҳо дар Кобул, Қандаҳор, вилоятҳои Бадахшон, Ғазнӣ ва Ҳирот низ ба вуқӯъ пайвастаанд. Ин дар ҳолест, ки толибҳо ба таҳрими интихобот даъват кардаанд ва гуфтаанд, бо роҳандозии хушунатҳо интихоботро ба ҳам хоҳанд зад. Аммо волии Қандаҳор Турёлай Висо дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ вазъи амниятӣ ва ширкати мардумро дар интихобот қаноатбахш номид. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҳадди аксари райъдиҳандагон дар интихоботи порлумонӣ ширкат хоҳад кард. Дар ин байн, Кумиссюни шикоятҳои интихоботӣ аз хабарҳои тақаллуб дар ҷараёни раъйдиҳӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Аз ҷумла дар ду ҳавзаи раъйдиҳӣ ранге, ки барои нишона кардани ангушти афроди раъйдода истифода мешавад, ба осонӣ пок мешавад. Наздик ба дуним ҳазор номзад дар 34 вилояти Афғонистон барои 249 курсии Вулуси Ҷирга ё палатаи поёнии порлумон мавриди гузиниши раъйдиҳандагон қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG